DataLife Engine / ИДОМАИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ РАШТ

ИДОМАИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ РАШТ

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт - шаҳраки Ғарм баъди азнавсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази шаҳраки Ғарм 2320 метри мураббаъ замин ҷудо гардидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли гузашта, оғоз гардида буд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шафати бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бунёд гардидааст. Баландии пояи Парчам 45 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст.

Нишони давлатӣ дар баландии 24 метр қомат афрохтааст. Ин ду муқаддасоти миллӣ дар маркази шаҳраки Ғарм басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасад.

Масоҳати қариб 2 ҳазор метри мураббаъ дар ин ҷо сафолакпуш гардида, барои гаштугузори сокинон шароити мусоид муҳайё мебошад.

Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ чароғакҳои зебои равшанидиҳанда насб шудааст.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамчунин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомдодаи сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмону навсозии биноҳои беморхонаи марказӣ дар доираи лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ бо харҷи 90 миллион сомонӣ маблағҳои дохилӣ ва гранти хориҷӣ анҷом дода шудааст.

Дар ин биноҳо шуъбаҳои гуногуни ташхисиву табобатӣ, аз ҷумла таваллудхонаи муосир бо навтарин техникаву таҷҳизот ҷойгир шудааст, ки дар маҷмуъ дорои 188 кати хоб мебошад.

Маркази ташхису табобатӣ аз шуъбаҳои қабул, ёрии фаврии тиббӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, шуъбаи ҷарроҳӣ, таваллуд, шуъбаи акушерӣ, кӯдакона, калонсолон ва табобати интенсивӣ бо иқтидори 60 кати бистарӣ иборат мебошад.

Дар доираи амалишавии лоиҳа навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ё худ оксиген ба анҷом расонида шудааст.

Дар доираи Лоиҳаи мазкур иншоот бо мебел ва асбобу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, аз ҷониби пудратчӣ – ширкати сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозии иншоот баҳои баланд дода, табибонро ба сифатнок анҷом додани рисолати касбии худ ҳидоят намуданд.

            

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо ятимон суҳбат намуда, бо тақдими туҳфаҳои арзишманд хотири ҳар яки онҳоро шод гардониданд.

Туҳфаҳои арзишманди Сарвари давлат ба 38 нафар ятим, ки 18 нафарашон ятимони кулл ва 9 каси онҳо духтарон мебошанд, аз либоси мактабӣ ва миллӣ барои духтарон, пойафзол, ҷузвдон, аёниятҳои хониш ва маблағи пулӣ иборат аст.

Бо гирифтани туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва суҳбати озоду самимӣ онҳо бори дигар эҳсос намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи зиндагӣ беҳтарин пуштибон ва дастгиру мададгори ятимон ҳастанд.

Аз ин хотир ҳар яки онҳо бо хушнудӣ иброз намуданд, ки фарзандони хушбахти замони соҳибистиқлолианд ва дар ватане зиндагӣ мекунанд, ки бо таваҷҷӯҳу дастгирии роҳбари давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор доранд.

Бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлат зимни ҳар як сафари корияшон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимону бепарасторон мулоқоти самимӣ анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимию падарона бо ятимону бепарастороне, ки бо амри тақдир аз падару

модар маҳрум мондаанд, такроран таъкид доштанд, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намемонанд ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон раҳнамоӣ мекунанд.

Ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳо ятимон ваъда доданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиди барояшон фароҳамшуда, савияи дониши хешро боз ҳам баланд бардошта, дар озмунҳо фаъолона ширкат менамоянд ва шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекунанд.

   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи маориф аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, минбаъд 780 хонанда метавонанд дар ду баст дар синфхонаҳои замонавии он таҳсил намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити муҳайёшуда баҳои баланд дода, наврасонро барои истифодаи босамар аз имконияти муосири таълимӣ, таҳсили намунавӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят карданд.

Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Пешвои миллат бо ташаббуси сокини ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов дар якҷоягӣ бо фарзандони саховатпеша сохта шудааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯз ҳар як сокини ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндагони бахши хусусӣ кӯшиш доранд, ки дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва ояндаи дурахшони насли наврас саҳмгузор бошанд.

Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар асоси лоиҳаи муосир мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ сохта шуда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фанҳои химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ ва дигар синфхонаҳо илмҳои дақиқ омӯзанд.

Дар синфхонаи технология хонандагон бо истифода аз имконоти ҳозиразамон ҳунарҳои гуногунро аз овони мактабӣ аз худ мекунанд.

Инчунин барои омӯзиши касби дӯзандагӣ ва ҳунари пазандагӣ синфхонаҳои алоҳида барои духтарон пешбинӣ шудааст.

Дар таҳхонаи муассиса барои ба тамрини бадан машғул шудани хонандагон толори варзишӣ сохта шудааст. Ҳамзамон ҷавонону наврасон имкон доранд, ки дар назди муассиса дар майдончаи варзишӣ ба машқ машғул шаванд.

Масоҳати умумии ҳудуди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 1,5 гектарро ташкил дода, саҳни муассиса чароғону сабзикорӣ шуда, дар он мутобиқ ба талабот барои фароғати таълимгирандагон имконият фароҳам гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба истифодаи самарабахш аз имконияти мавҷуда ва дар руҳияи худшиносӣ ба камол расонидани наврасон ҳидоят намуданд.

Имсол ба хотири баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ дар ноҳияи Рашт 15 нафар омӯзгорони ҷавон аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб карда шудаанд.

Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон уҳдадорӣ гирифтанд, ки дар деҳаи Поҷеи поён як муассисаи томактабӣ барои 300 нафар ҳам бунёд менамоянд.

Бо раҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов дар корҳои ободонии ноҳияи Рашт, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, овардани оби нӯшокӣ саҳмгузорӣ намудааст. Роҳи деҳаи Поҷеи поён бо дарозии зиёда аз 5 километр низ аз ҷониби онҳо асфалпӯш карда шудааст.

Ҳамзамон соҳибкорон бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон уҳдадорӣ гирифтанд, ки тавассути бунёди меҳмонхонаву осоишгоҳҳо дар ноҳияи Рашт, аз ҷумла дар дараи овозадори Камароб саҳмгузор мешаванд.

               

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Раштро ба истифода доданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз ду ошёна иборат буда, барои кормандон дар ҳуҷраҳои барҳаво шароит фароҳам оварда шудааст. Инчунин бино дорои толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба анҷом расонида шудааст.

Бунёди чунин бинои хуштарҳу замонӣ имкон медиҳад, ки ба корафтодагон хизматрасонӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳамшавии шароитро дар сатҳи маҳал барои пешрафти кор муҳим арзёбӣ карда, коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамзамон дар назди идораи ҷамоат осорхонаи шоир Боқӣ Раҳимзода бунёд шуда, нимпайкараи ӯ гузошта шудааст, ки ҳар як нафар метавонад бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоири зиндаёд шинос шавад.

Таваҷҷуҳ ба намояндагони аҳли илму адаб аз сиёсати созандаву фарҳангпарвари Роҳбари давлат маншаъ гирифта, барои муаррифии бештари эҷодиёт ва рӯзгори ибратбахши фарзандони баруманди миллати тоҷик мусоидат мекунад.

https://prezident.tj/ 
13 сен
Вернуться назад