DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ ширкати “Boeing” ба ширкати “Embraer” барои тасмим оид ба даст кашидан аз хариди ҳавопаймоҳои истеҳсолкунандаи Бразилия дар соли 2020 150 миллион доллари ИМА пардохт менамояд.

***

Агентии федеролии нақлиёти ҳавоӣ (Росавиатсия) Маркази илмӣ тадқиқотии (НИЦ) Росатомро ҳамчун ташхисгоҳи салоҳиятдори озмоишӣ барои иншооти авиатсияи гражданӣ аккредитатсия намуд, ки ин ба марказ ҳуқуқи гузаронидани санҷишҳои тахассусии мавод барои маҳсулоти саноати авиатсияро медиҳад.

***

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Қазоқистон дар ICAO Тимур Тлегенов бо Намояндаи доимии Австрия ва гурӯҳи минтақавии аврупоӣ дар ICAO (Австрия, Белгия, Хорватия, Ирландия, Люксембург, Нидерландия, Португалия ва Швейтсария) Кристиан Шлейфер мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Қазоқистон-Австрия ва Қазоқистону-Аврупо, аз ҷумла ҳамкориҳо тавассути ICAO баррасӣ шуданд. Нақшаҳои модернизатсияи фурудгоҳҳои мавҷуда ва бунёди инфрасохтори нави авиатсионӣ, ифтитоҳи масирҳои нав, аз ҷумла байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Австрия, баланд бардоштани сатҳи риояи стандартҳои ICAO оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ қайд гардиданд.

***

Дар Монреал, дар қароргоҳи Созмони байналмилалии авиатсионии гражданӣ, аввалин симпозиуми ICAO оид ба ҳаракати пешрафтаи ҳавоӣ (“Symposium First Advanced Mobility Air Mobility ICAO” - AAM 2024) баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҶҚазоқистон дар ҳайати Намояндагии доимии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ICAO ва Идораи авиатсионии Қазоқистон ширкат варзид. Дар симпозиум тақрибан 1400 нафар ширкаткунандагон аз 87 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла мутахассисони варзидаи созмонҳои байналмилалӣ ва субъектҳои саноати авиатсионӣ иштирок намуданд.

***

Иттифоқи касабаи сарнишинон ва роҳбарияти ширкати “Air Canada” бораи беҳтар намудани музди меҳнат ва шароити корӣ бо сарнишинон ба мувофиқа расиданд, ки ин боиси лағви корпартоӣ гардид. Корпартоии миқиёси васеъ, ки дар он зиёда аз 5,2 ҳазор нафар сарнишинони ширкати “Air Canada” иштирок менамуданд, дар санаи 18-уми сентябр пешбинӣ гардида буд.

***

Ширкати “Nouvelair Tunisie” шумораи парвозро ба Монастир аз се то шаш адад дар як моҳ афзоиш медиҳад.

***

Корпартоии сарнишинони ширкати “Aerolineas Argentinas”, ки 24 соат давом намуд, боиси лағви 319 парвоз гардида, ба бештар аз 37 хазор мусофир таъсири худро расонид. Тибқи пешгӯии ширкати мазкур арзиши зарари иқтисодии он аз 2,5 миллион доллари ИМА бештар хоҳад шуд. Аъзоёни иттифоқи касаба талаб менамояд, ки музди меҳнат 25—70 фоиз зиёд карда шавад, аммо ширкат афзоиши 11 фоизро пешниҳод менамояд. Айни замон маоши сарнишинони ширкати мазкур аз 3 миллион то 10 миллион песо (3,000 то 10,000 ИМА) мебошад.

***

Аз 16-уми сентябри соли ҷорӣ ширкати “Utair” тахфифи то 50% чиптаҳоро ба самти Дубай, Сочӣ, Минералние Водӣ ва бозгашт пешниҳод менамояд, ки тахфифи мазкур то 30-юми сентябри соли 2024 амал намуда, парвозро аз 11-уми ноябри соли 2024 то 16-уми феврали соли 2025-ро дар бар мегирад.

***

Дар натиҷаи корпартоии кормандон, ки ҳафтаи дуюм идома меёбад, ширкати “Boeing” таҳвил ва ба кор ҷалб намудани кормандонро қатъ намуд.

***

Дар пойгоҳи ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин машқи омӯзишии нерӯҳои ҳавоии ИМА барои операторони бесарнишини General Atomics Aeronautical Systems MQ-9 Reaper баргузор гардид.

***

Ширкати озмоишии ҳаракати ҳавоии шаҳрӣ EHang пас аз гирифтани шаҳодатномаи тасдиқ барои парвозҳои таҷрибавӣ аз танзимгарон як қатор парвозҳои озмоиширо дар Бразилия анҷом медиҳад.

***

Бо мақсади омӯзишӣ нигоҳдорӣ ва таъмири техникии ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ ширкати “Thai Airways International” бо ширкати аэрокайҳонӣ “Thai Aviation Industries” (TAI) Ёддошти ҳусни тафоҳумро имзо намуд.

***

30-юми октябри соли ҷорӣ ширкати “Air Astana” парвози мустақимро аз Остона ба Абу-Даби ва 12-уми декабри соли 2025 аз Алмаато ба Абу-Даби роҳандозӣ менамояд.

***

 

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global)

17 сен
Вернуться назад