Шуруъ аз 14 октябри соли 2024 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, ки 23 апрели соли 2024 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ба имзо расида буд, пас аз гузаронидани расмиёти зарурии дохилидавлатӣ аз ҳар ду ҷониб, эътибор пайдо менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Италия, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди ҳамдигар бе дастрасии раводид ба муддати на зиёда аз навад (90) рӯз дар давоми як саду ҳаштод (180) рӯз ворид шаванд ва будубош намоянд.