Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оидбасохтмониМанораиназоратӣ-танзимнамоӣ дар давоми 18 моҳ бунёд карда шудааст.
Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ ба шумор меравад ва мутобиқ ба меъёру талаботҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст. Тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд. Баробари мавриди баҳрабардорӣқарор додани манораи танзиму назоратӣ акнун дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба нақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ анҷом дода мешавад.
Баландии манора 41,23 метр буда, дар қисми болоии он толори кории танзимгарон ҷойгир аст, ки дар пояи баландии 36 метр бунёд гардидааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар 21 зерсохтор 469 нафар кор мекунанд ва дар анҷом додани вазифаи мураккабу заҳматталаби назорату танзими парвозҳо ва ҳарими ҳавоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас мегузоранд.
Аз шумораи умумии кормандони соҳа 94 нафар аз ҳисоби занону духтарон мебошанд, ки дар ин вазифаи пурмасъулият садоқатмандона фаъолият менамоянд.
Бояд гуфт, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва донишу таҷрибаи кормандони соҳа соли 2018 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Маркази таълимии авиатсионии таъсис дода шуда, барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ Маркази идораи ҳаракати ҳавоӣ аз ҳисоби маблағҳои худи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» пурра таъмир карда шудааст.Ҳамчунин бо ин мақсад дар давоми солҳои 2016-2019 дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ харидорӣ карда шудааст.
Саҳни манораи назоратӣ-танзимнамоӣ пурра чароғон ва гулу сабзкорӣ гардида, намои зебою муосир дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи манораи назоратӣ-танзимнамоӣ бо сатҳу сифати корӣ ва усули идора, танзиму назорати масири парвозҳо дар фазои Тоҷикистон шинос шуда, аз кормандони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои вазифаи касбии худ масъулиятшинос бошанд ва содиқу поквиҷдон ба нафъи Ватану миллат хизмат намоянд.
http://president.tj/node/20522