DataLife Engine / ХИЗМАТРАСОНИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ҚАНОАТМАНД АРЗЁБИ ГАРДИД

ХИЗМАТРАСОНИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ҚАНОАТМАНД АРЗЁБИ ГАРДИД

Таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба киштиҳои ҳавопаймоии ширкатҳои дохилу хориҷӣ кишвар дар нӯҳ моҳи соли 2024, 37,8%, зиёд, нисбат ба ҳамин фосилаи соли 2023 арзёбӣ гардид. Нуқтаи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар нуҳ моҳи аввали соли 2024, ки бо иштироки муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад, роҳбарият ва кормандони корхона баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

 

“Дар баробари афзоиши парвозҳои муқаррарӣ шумораи парвозҳои транзитӣ дар ин фосила 35 037 ададро ташкил дод, ки 16346 адад, ё ин ки 87,5% афзоиш ёфта ин пешравиҳо дар натиҷаи барқарор гардидани иҷроиши парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва зиёд гардидани ҷуғрофияи парвоз ба ҳисоб рафта, илова ба он аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиву ватанӣ шумораи бештари парвозҳои транзитӣ иҷро карда шудаанд”, - ёдовар шуд муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода зимни суханронии худ.

Ба маълумоти ҳозирин расонида шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” як зумра система, таҷҳизот ва технологияҳои муосир ва тибқи талаботи ICAO дастрас ва насб намуд, ки ҳамзамон самарабахш гардидани хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Оиди ба пазируфта шудани КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба узвияти CANSO ва SOCEA, ширкат дар чорабиниҳои бонуфузи соҳа дар Шветсария, Шоҳигарии Белгия, Туркия, ва Озарбаҷон, ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия”, инчунин сафари мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба КВД Маркази “Узаэронавигатсия” ёдовар гардида, таъкид шуд, ки ин ҳама далолати баланд гардидани нуфузи корхона байни ташкилот ва созмонҳои бонуфузи соҳа дар минтақаи Аврупо ва Осиё мебошад. 

 

Дар идома қайд гардид, ки бо дастгирии пайвастаи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода бо мақсади омода ва дастгирӣ намудани мутахассисони ҷавону соҳибмаълумот як зумра кормандони корхона дар Федератсияи Россия, Сингапур, Ҷопон такмили ихтисос гузашта, донишу малкаи худро сайқал доданд, ки ин ҳам як такони дигар дар баланд бардоштани хизматрасонии аэронавигатсионӣ мебошад.

Дар доираи таҷлили 100-солагии Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон ва мутахассиони корхона ва собиқадорон қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷом муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад суханронӣ намуда, оиди саҳми КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар таъмини бехатарии парвозҳо ёдовар шуда, қайд намуд, ки корхона дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ ва истеҳсолӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии пешбинигардида, вазифаю уҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо мутобиқ ба қонунгузории ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ мондааст.

 

                                                                           Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

10 окт
Вернуться назад