12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дигар шахсони расмӣ ва сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Рушон бо самимияти хосса, рӯҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.
Барои истиқболи меҳмони олиқадр аҳли санъат ва ҳунар барномаи рангину фарҳангиро дар сатҳи баланд пешниҳод намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рўшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, майдони назди он бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш ёфтааст.
Бо мақсади ободу зебо ва назаррабо гардидани майдони Нишони давлатӣ даромадгоҳ ва роҳравҳо сафолпӯш карда шуда, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” боздид намуданд.
ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъсиси ҷойҳои кории нав ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза аз ҷониби соҳибкор Ҳамдам Давлатмамадов сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки гармхона дар масоҳати 1,5 гектар замин сохта шуда, дар он намудҳои зиёди сабзавот аз ҷумла помидор, қаламфури булғорӣ, бодиринг, боимҷон, кабудиҳо, гулкарам ва полезиҳо кишту парвариш карда мешавад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” 8 нафар сокини маҳаллӣ, ки дар самти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, бо кори доимӣ ва 24 нафар бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати бунёди гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон метавонад қадами устувор дар самти ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза дар ҳама фасли сол бошад.
Пас аз шиносоӣ аз ҳолати нашъунамои сабзавот ва иқтидори гармхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла меваю сабзавот ва полезию донагиҳо, ки маҳсули заҳмати хоҷагидорони ноҳия мебошанд, мавҷуд буд.
Тибқи маълумот масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯшон зиёда аз 1600 гектарро ташкил намуда, хоҷагидорон бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ ва дуруст ба роҳ мондани қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии давлатии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия як қатор техника ва мошинолоти соҳавӣ тақдим намуда, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани аз ду то се ҳосил ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.
ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ниёзбегим Абдулова таъсис ёфт.
Корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерваи меваю сабзавотро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави саноатӣ дорои 4 хати истеҳсолӣ буда, дар он 12 номгӯи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Бо бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” 25 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 15 зан бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, шумораи умумии коргарон дар ояндаи наздик ба 100 нафар расонида мешавад.
Ашёи хом, яъне меваю сабзавот аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ шуда, дар 6 сардхона нигоҳдорӣ мешавад. Сардхонаҳо, ки дар маҷмуъ иқтидори ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулотро доранд, ба таъмини фаъолияти муназзами корхона дар ҳама фасли сол мусоидат менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити кӯҳистон бунёд намудани чунин корхонаи саноатӣ намунаи ибрат гуфта, аз ҷумла иброз доштанд, ки ин тадбир метавонад ба истифодаи оқилонаи замин, гирифтани ҳосили зиёд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.
Сипас ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки дар шафати ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” сохта мешавад, муаррифӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия сохта мешавад, шинос шуданд.
Зимни муаррифии лоиҳа масъулон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои мазкур аз панҷ ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,22 гектар сохта хоҳад шуд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа 24 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ ба нақша гирифта шудааст. Мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохмонии иншооти ҳукуматӣ» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳоло корҳои оҳану бетонӣ дар таҳхонаи иншоот бомаром идома дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино ба масъулон маслиҳатҳои муфид дода, зимни иҷрои корҳо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ ва риояи меъёри талаботи муосири шаҳрсозиро ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо ҳамзамон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел» муаррифӣ карда шуд. Оянда дар корхонаи мазкур бо насби технологияи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла ангарҳои гуногунандоза ба роҳ монда мешавад.
Корхонаи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ба хотири таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот сохта мешавад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхона асосан ба соҳаи моҳипарварварӣ, махсусан ҳавзҳои муосири парвариши гулмоҳӣ пешбинӣ гардидааст.
Ноҳияи Рӯшон барои парвариши гулмоҳӣ басо созгор аст. Барои парвариши ин навъи моҳӣ соҳибкорон аллакай 12 гектар заминро дар соҳили руди деҳаи Хуф ба нақша гирифтаанд. Дар ин мавзеъ оянда тавассути ангарҳои металӣ ҳавзҳои муосири моҳипарварӣ бунёд гардида, имкони истеҳсоли 1000 тонна гулмоҳӣ ва таъмини наздик ба 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегардад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин корхонаи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд.
Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ноҳияи Рӯшон қариб 240 ятим, аз ҷумла 7 нафар ятими кулл ва наздики 100 нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳоло дар ноҳия барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо як мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва як мактаб-интернати наздимактабӣ фаъолият менамояд.
Хурсандиовар аст, ки дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шахсони алоҳида ба ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд пайваста кӯмак расонида мешавад.
Ятимону маъюбон суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро ба андешаи онҳо суханҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат ба зиндагияшон умеди тоза мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо ятимону маъюбон иштироки онҳоро дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти таъмини иштироки фаъолонаашон дар ҳама озмунҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расидан дастуру маслиҳатҳо доданд.
Сарвари давлат ба ятимону маъюбон либос, ширинӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд, ки ин боиси шодию нишоти онҳо гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои хуштарҳу муосири “Маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо”-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар ин рӯз хурсандии сокинони ноҳия ва беш аз 120 нафар кӯдакон ҳадду канор надошт, зеро маҳз бо иштироки Сарвари давлат барояшон бинои зебову замонавии 3-ошёнаи Маркази инкишофи кӯдакон ба фаъолият шуруъ намуд.
Маркази таълимии томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Достамбуев Назархудо дар мудати 2 сол бунёд гардида, баҳри татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ то соли 2030» мусоидат хоҳад кард.
Дар ин марказ кӯдакони аз синни 4 то 6 сола ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мураббияҳои соҳибтаҷрибаву забондон ҷалб шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ошхона барои зиёда аз 100 нафар, 4 синфхонаи таълимӣ, толори кушоду барҳавои варзишиву мусиқӣ дар ошёнаи сеюм ва майдончаи бозии кӯдакон дар саҳни бино аз имкониятҳои дигари муассисаи мазкур ба шумор меравад.
Дар ошёнаи сеюми бинои навбунёд ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Марказ ҳамчунин дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон ва маъмурияти муассиса, ҳамшираи шафқат ва равоншинос мебошад, ки ба талаботи замон мувофиқ аст.
Сокинони хуштолеи ноҳияи Рӯшон ба Сарвари давлат ҷиҳати таваҷҷӯҳи доимияшон ба соҳибкорон ва дар мавзеи кӯҳӣ фароҳам овардани чунин шароити муосири таълиму тарбияи кӯдакон изҳори сипосу миннатдории самимӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои ин марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуда, зиёд кардани шумораи чунин марказҳои инкишофи кӯдаконро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшонро тариқи маҷозӣ ифтитоҳ карданд.
Муассисаи томактабӣ 2-ошёна буда, барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст ва он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ҷалби шарикони рушд сохта шудааст.
Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷра барои таълиму тарбия ва 5 ҳуҷраи дигар барои хоби кӯдакон, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона бо 150 ҷойи нишаст ва толор барои машғулиятҳо иборат мебошад.
Барои истироҳату фароғати кӯдакон дар саҳни бино майдончаи бозии тобистона бо таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навтаъсис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар деҳот намунаи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ карданд.
Ҳама синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил, ки бо неруи барқ ва панелҳои офтобӣ фаолият менамояд, гарм нигоҳ дошта мешавад.
Сарвари давлат зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маориф ва илм онҳоро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи дӯстрӯякон масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои ташкилу баргузор кардани ҷамъомадҳои гуногун шароити мусоид фароҳам мебошад.
Ҳоло шумораи кормандони ҷамоат беш аз 10 нафарро ташкил менамояд, ки аксари онҳо ҷавононанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки минбаъд бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои ҷамоат ба сокинони 5 деҳа, ки дар умум беш аз 6 ҳазору 620 нафарро дар бар мегиранд, хизматрасонии босифат расонида мешавад.
Кормандони Ҷамоати деҳоти Рӯшон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав, ки аз 2 ошёна иборат аст дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад ва дар он барои кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Дар китобхонаи он китобҳои тозанашр, хоса асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар адабиёти илмиву бадеӣ маҳфуз буда, дар толори хониш кормандон ва аъзои ҳизб метавонанд ба мутолиа машғул шаванд.
Зимни ифтитоҳи иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, сохтмони чунин бинои хуштарҳу замонавиро дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандону аъзои ҳизб туҳфаи арзанда арзёбӣ намуданд.
Сохтмони бинои мазкур моҳи июли соли 2023 оғоз гардида, барои иҷрои корҳо 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Барои дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва бунёди иншооти муосир бо имконоти замонавӣ кормандону аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг ва кӯдакистон барои 200 нафар бунёд мегардад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз рӯи лоиҳа бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Роштқалъа дар масоҳати 2245 метри мураббаъ, ба таври муосир ва бо назардошти унсурҳои хоси миллӣ бунёд шуда, дар ин замина шароити хуби корӣ барои кормандони бахши фарҳанг муҳайё мегардад.
Дар иншооти соҳаи фарҳанг бунёди толор бо 515 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шуда, дар оянда барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Биноҳои қасри фарҳанг ва кӯдакистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони ишооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа бинои душоёнаи кӯдакистон дар масоҳати умумии 2200 метри мураббаъ сохта шуда, дар он синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоту аёниятҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, майдонча барои бозӣ ва фароғати кӯдакон, фаввора ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад ва оянда барои насли навраси ин ноҳияи дурдаст шароити хуби таълим фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Хоруғ - Қозидеҳ, Сурхсангов – Ванҷ ва пули мошингузари деҳаи Даштакро ба таври онлайнӣ мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои нави иншооти энергетикӣ, ки дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Рушон амалӣ мегарданд шинос шуданд.
Хатти интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ Хоруғ-Қозидеҳ ва хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 кВ Сурхсангов – Ванҷ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, дарозии умумии он 84,5 километрро ташкил медиҳад.
Бо роҳандозии ин тадбир, сатҳи садаманокӣ дар низоми ягонаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маротиб коҳиш ёфта, сифати барқтаъминкунӣ ба аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим беҳтар мегардад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар доираи лоиҳаи электрофикатсияи деҳоти Тоҷикистон сохтмони 13 неругоҳи хурди обӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз идома дошта, дар 22 деҳаи ноҳияи Мурғоб панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд.
Ғайр аз ин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд лоиҳаҳои нав, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии Чартем бо иқтидори 14 МВт дар ноҳияи Шуғнон, лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ дар ноҳияи Рушон ва лоиҳаи сохмтони зеристгоҳи 110 кВ дар ноҳияи Ишкошим амалӣ мегарданд.
Пули мошингузар дар деҳаи Даштаки ноҳияи Роштқалъа дар доираи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” бо ҷалби шарикони рушд бо сифати баланд бунёд шуда, ду деҳаро ба ҳам мепайвандад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, он дар муҳлати беш аз 1 сол бо сифати баланду ҷавогӯи талабот мавриди истифода қарор дода шуд.
Дарозии пули навсохт 34 метр ва паҳноияш 6 метр буда, иқтидори борбардории он 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Пеш аз ин сокинони деҳаҳои Барҷангал ва Даштак аз ин пули мошингузар, ки вайрону валангор гардида буд, бо мушкилиҳои зиёд истифода мебурданд.
Бунёди пули мошингузар на танҳо мушкилоти рафтуомади сокинонро ба маротиб осон менамояд, балки ба вусъати корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи обии “Себзор” низ мусоидат мекунад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон раванди корҳои иҷрошуда дар сохтмони неругоҳи обии “Себзор” муаррифӣ карда шуд.
Ҳоло бо ҷалби беш аз 500 нафар коргарону мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад.
Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат, он бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият хоҳад кард.
Бо бунёди неругоҳи обии “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд.
Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.
Баъди ба кор даровардани ҳамаи агрегатҳо дар неругоҳ 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.
13 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулчеҳра-80” оғоз гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо харҷи 920 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои ноҳияи дурдасти Ишкошим аҳаммияти муҳим дорад, зеро дар он дар баробари истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза, ҳар мавсим бештар аз 100 нафар бо кор таъмин мегарданд.
Равғани ангат ба бемориҳои зиёде даво мебошад. Аз ин рӯ, дар корхона хатти муосири технологӣ насб гардидааст, ки ашёи хомро бо сифати баланд коркард менамояд. Ашёи хом дар ин корхона меваи ангат буда, аз он 12 навъи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти корхона барои боз ҳам беҳтар намудани сифат, зиёд кардани шумораи ҷойҳои корӣ ва бештар намудани номгуйи маҳсулоти аз равғани ангат истеҳсолшаванда ба масъулин ва соҳибкорон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Биноҳои нави истиқоматӣ дар давоми бештар аз як моҳ бунёд гардида, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида суҳбати самимӣ анҷом дода, дар вазъияти тантанавӣ ба 13 оила калиди хонаҳои истиқоматиро супориданд.
Бо азму талоши созанда имрӯз дар ин ҷо маҳаллаи наве бунёд шудааст, ки хонаҳои истиқоматии он дорои 5 ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.
Роҳи маҳаллаи навбунёд дар масофаи 200 метр мумфарш ва чароғон карда шуда шудааст. Ҳамчунин ҳар як хонаи истиқоматӣ бо хатти барқ ва об таъмин мебошанд. Дар атрофи ҳар як хона, дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои зебову рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст, ки зиннатбахши маҳаллаи навбунёданд.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ масолеҳи зарурӣ ба зарардидагон дастрас карда шуд, то ки хонаҳои истиқоматӣ дар муҳлати муайяншуда бунёд карда шаванд.
Бинокорон манзилҳои истиқоматиро бо масолеҳи босифат сохтаанд, то ки шароити зисти зарардидагон аз пештара дида, беҳтару хубтар бошад.
Рафти корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматӣ барои аҳолии зарардида аз аввалин рӯзҳо зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Инчунин дар маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 8 садяк замин майдончаи варзишии наву замонавӣ сохта шудааст, ки минбаъд сокинон, хусусан наврасону ҷавонон ба тамринҳои гуногуни варзишӣ машғул мешаванд. Дар майдончаи варзишӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ баҳои баланд дода, бунёди ин иншоотро идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо сокинони маҳаллаи навбунёдро барои соҳиб шудан ба хонаҳои нав табрик карда, иброз доштаанд, ки мавзеи қитъаҳои замин ва хонаҳои пешинаатон аз нигоҳи бехатарӣ осебпазир аст, аз ин рӯ барои бунёди боғ ва дигар ҳадафҳои маишӣ минбаъд онро метавонед истифода баред.
13 октябр дар идомаи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошимро ифтитоҳ карданд.
Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 3 гектар бунёд гардидааст ва дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ 60%-и кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ таъмин карда шуданд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 30 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 1 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.
Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи марказиро пеш аз ҳама барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва умуман вилоят муҳим арзёбӣ карда, онро ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда номиданд.
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи коркарди санги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир Стоун», бо номи Санги Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бунёд ёфта, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар бо кор таъмин буданд.
Барои коркарди санг дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст.
Аз рӯйи лоиҳа иқтидори корхона дар як сол 20 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти санг мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар корхона зиёда аз 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ашёи хоми корхона аз ҳисоби сарватҳои дохилӣ таъмин гардида, ин раванд муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаи мазкур изҳор доштанд, ки фаъолияти ин самт аз мутахассисону устоҳо диду завқи баландро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, мутахассисон бояд пайваста донишҳо ва маҳорату малакаи худро сайқал диҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити имрӯза барои сохтмони иншооти таъйиноти гуногун таваҷҷуҳ ба маҳсулот аз санг зиёд аст. Аз ин рӯ, бо дастгирии Ҳукумати кишвар шумораи чунин корхонаҳо зиёд мегардад. Дар ҳудуди вилоят ин аллакай сеюмин корхонаи коркарди санг ба шумор меравад. Дар миқиёси ҷумҳурӣ бошад шумораи чунин корхонаҳо ба 16 расидааст.
Зимни боздид аз корхонаи "Санги Бадахшон" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти он диққати махсус доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона санги хоро ва ё гранит, ки аз кӯҳҳои Бадахшон гирифта мешавад, мавриди коркард қарор мегирад. Сифати аввалиндараҷаи санги мазкур, қабл аз коркард аз нигоҳи мутахассисон баланд арзёбӣ мешавад. Аз ин хотир коркарди он ва маҳсулот аз он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ карда шудааст. Ин аст, ки маҳсулоти санги хорои ин корхона аллакай дар бозори дохилӣ ҷойгоҳи намоён касб намудааст ва таваҷҷуҳ ба он аз хориҷи кишвар низ рӯй ба афзоиш дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони марказии Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.
Бинои баландошёна дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, хишти нахустини он соли 2023 гузошта шуда буд.
Иншоот аз се қисмат иборат буда, бо қомат афрохтани бинои баландошёна ба маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ ҳусни дигар зам гардидааст.
Бинои баландошёна 154 хонаи истиқоматии барҳаво дошта, мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардидааст ва дар он шароити сатҳи баланд зисту зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
56 хона ҳамчун туҳфа аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 манзили зист ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Академик Моёншо Назаршоев тақдим карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳо калиди хонаҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохили хуҷраҳо дидан намуда, ба бинокорон барои бо сифати баланд ба итмом расонидани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ баҳои баланд доданд.
Инчунин хонаҳои истиқоматӣ дар фасли зимистон бо системаи гармидиҳӣ тавассути қувваи барқ таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни бунёди бинои баландошёна беш аз 300 нафар бинокори маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид. Соҳибони хуштолеи манзилҳои истиқоматӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории пайваста изҳори сипос намуданд.
Ҳудуди бинои истиқоматӣ ва пиёдаравҳо бо истифода аз сангҳои ороишии корхонаи навбунёди «Суман»-и шаҳри Хоруғ зиннат дода шуда, ба як макони дилфиреби сайру сайёҳат табдил ёфтааст. Дар атрофи бино дарахти ҳамешасабз ва гулҳои зебову рангоранг шинонида шуда, сутунҳои равшанидиҳандаи чароғон шабонгоҳ ба ин макон зебогии хос зам менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд.
Бинои 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани калиди манзилҳои истиқоматӣ ободкориву созандагиҳоро дар шаҳри Хоруғ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро амри зарурӣ маънидод карданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помирсоз” дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ соли 2021 оғоз гардида, дар ин муддат шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Бунёди манзилҳои истиқоматии баландошёна дар маркази вилоят тибқи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки раванди созандагӣ ва бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ дар оянда низ тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома меёбад.
Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва банду басти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, коргоҳҳои хушкашуйӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра мавҷуд мебошанд.
Иқдоми мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ –“Cаноатикунонии босуръати кишвар” амалӣ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки технологӣ нахуст корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Насим”-и шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ бунёд гардид, дар он истеҳсол ва бандубасти 12 намуд шириниҳои мевагӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи корхона коркарди 25 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он бештар аз тути хушк бо иловаи дигар намуди меваю сабзавоти хушк коркард ва омода карда мешавад. Ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёӣ истеҳсол мегардад.
Маҳсулоти корхона рақобатпазир буда, бо бандубасти зебо натанҳо ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод мегардад, балки ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи коркард ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ “Авитсена”-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур дар масоҳати 160 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 5 тонна мева ва гиёҳҳои шифобахшро ташкил медиҳад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркард ва бандубасти гиёҳҳои шифобахш дар шаҳри Хоруғ 18 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки 12 нафари онҳо занон мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки технологияи корхона аз давлатҳои Олмон ва Австрия ворид мегардад.
Баробари ба фаъолият оғоз намудани ин корхона 50 нафар бо кор таъмин мешаванд. Ашёи хом барои маҳсулоти гӯштӣ гӯшти қутос аст, ки аз ноҳияи Мурғоб ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилоят харидорӣ мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз оғози фаъолият, маҳсулоти тайёри корхона ба содирот низ равона мегардад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин мавзеъ коргоҳи олами хушкашӯиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳи олами хушкашӯйии “Тозагӣ гарави саломатӣ” нахустин иншооти хизматрасонии технологӣ барои шустани қолин, курпа, парда ва либос дар шаҳри Хоруғ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар Парки технологии шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли мебели нарми ҶДММ “Хонаобод”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар гӯшаи намоишӣ бо маҳсулоти корхона шинос шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ба итмом расид.
Корхона аз ду сех иборат аст, ки дар онҳо 12 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи истеҳсоли мебели нарм аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст, ки бо истифода аз онҳо 10 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва мутахассисон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, то ки ин навъи маҳсулот дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содир карда шавад.
Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ Корхонаи коркарди меваи тари ҶДММ “Бунёд”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Гулаҳмадшо Шоҳсафедов дар масоҳати 52 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ҷумлаи иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур коркарди меваҳои шаҳдбори кишвар ба монанди шафтолу, ангур, себ, анор, зардолу, нок ва хуч роҳандозӣ гардида, шарбатҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи мазкур 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд.
Корхона бо 6 намуд дастгоҳи муосири шарбатбарорӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, сифати маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар 9 моҳи соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 42 коргоҳи нави саноатӣ бо 230 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукуҳи истиқлоли Ватанро, ки аз ҷониби мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл ҷашн гирифта шуд, нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ намуданд.
Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ имрӯзаро низ Пешвои миллат самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон номиданд.
Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ барои ҳар халқу миллат дастоварди бузургтарин ва неъмати муқаддастарин ба шумор меравад.
Сарвари давлат бо арҷгузорӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатиро масъулияти бузурги маънавии мардум дар назди имрӯзу ояндаи давлат, миллат ва Ватан унвон намуданд.
Гуфта шуд, ки “мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд. Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд”.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинон бартараф гардида, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуд ва чунонки имрӯз мебинем, маркази вилоят ва як қатор ноҳияҳои он ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.
Бо назардошти пешравиҳои амиқ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми сарбаланди вилоят даъват намуданд, ки ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расида, ин неъматҳои муқаддасу бузурги ҳаётро эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо бояд ба ҳар зарра хоки ин диёри муқаддас содиқ бошем, бо худшиносию худогоҳӣ ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии хешро дар назди давлат, миллат ва Ватани азизамон ҳаргиз фаромӯш насозем.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат чорабинии идонаро барномаи бошукуҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони вилоят идома дод, ки бисёр ҷаззоб ва дилнишин буд.
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ бо сокинон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди созандагиҳоро барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, барои амалисозии ҳадафҳои бунёдкорона, таъмини нақшаҳо ва ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин масъулони сохторҳои ҷумҳуриявӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати кишвар сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар шуда истодааст.
Таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 24 миллиард сомонӣ равона шудааст. Ҳамчунин дар ин давра барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба зиёда аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ баҳри бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба заминҳои наздиҳавлигии то соли 1991 додашуда беш аз 3 баробар зиёд мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар маҷмӯи маҳсулоти вилоят дар соли 2024 ба 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 58 баробар зиёд аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки нишондиҳандаҳои зикршуда гувоҳи равшани торафт баланд гардидани дороиҳо ва сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят мебошанд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷударо сафарбар намуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардонад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот оид ба тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти тамоми бахшҳо, аз ҷумла соҳаи нақлиёт ва бунёди роҳу пулҳо дар ин самт, таъмини инфрасохтори зарурӣ, ташкили ҳаракати мунтазами мошинҳо, рафтуомади бемониаи мусофирон андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд. Таъкид шуд, ки лоиҳаҳои зикршуда дар самти маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, барқтаъминкунӣ, обёрӣ ва кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди маблағгузории хурд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигардонии корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни истиқлоли давлатиро яке аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маънидод намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1021 иншоот ба маблағи як миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сокинони ватандӯст ва соҳибкорони бонангу номус дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мутасаддӣ барои сари вақт сохта, ба истифода додани иншооти боқимонда тамоми имкониятҳои худро сафарбар месозанд.
Президенти кишвар ҳамчунин вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводориро дар вилоят таҳлил намуда, барои татбиқи барномаҳои давлатӣ ва истифодаи ҳамаи имкониятҳо дар назди роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазоратҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин вазъи бахшҳои саноат, энергетика, соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, фаъолияти ҷавонону занон ва имкониятҳои рушди сайёҳиро дар вилоят, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад, баррасӣ намуда, барои ислоҳи корҳо ва вусъати тадбирҳои созанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз иштироки фаъолони ҷомеа, аз ҷумла собиқадорони меҳнат онҳоро ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии насли оянда, ҷалби фарзандон ба азхудкунии илму ҳанар, омӯзиши технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар ин кори муҳим роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва фаъолон бояд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории бештар дошта бошанд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “мо бояд барои пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва риояи бечунучарои талаботи қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун тамоми имкониятҳои худро сафарбар созем”.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.
https://prezident.tj/