DataLife Engine / РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР МИНТАҚАИ АВРУОСИЁ

РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР МИНТАҚАИ АВРУОСИЁ

Аз 14-ум то 15-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дуюмин Саммити роҳбарони корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионӣ (CANSO Euro/Central–Asia ANSPs Second CEO Summit) баргузор шуд. Дар кори саммит директори генералии CANSO Симон Хоккар, муовини директори генералии Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Туркия (DHMI), директори Корхонаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ “Азераэронавигасия”, муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, директори КВД Маркази “Узаэронавигатсия”, директори генералии Корхонаи давлатии “Қирғизэронавигатсия”, роҳбари Раёсати идоракунии ҳаракати ҳавоии КВД “Қазаэронавигатсия”, ҳамзамон як қатор роҳбарони воҳидҳои сохтории корхонаҳои аэронавигатсионӣ ширкат намуданд.

Зимни чорабинӣ таҳаввулоти сохтори ҳаракат дар фазои ҳавоии Аврупо ва Осиё ва таъсири он ба системаҳои аэронавигатсионӣ, консепсияи амалиёт барои минтақа ва инчунин дигар масъалаҳои муҳими такмили идоракунии ҷараёни ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа баррасӣ гардид. Доир ба беҳтар намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ, таъмини бехатарӣ, самаранокӣ ва иқтидор дар рушди соҳаи авиатсия мусоидат менамояд, қарорҳо ва стратегияҳои муштарак қабул гардид.

Ҳамзамон дар доираи саммити мазкур вохӯрии муовини DHMI Ҷенгиз Пашаоғлу ва муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода баргузор гардид, ки истифодабарии хатсайри нави ҳавоии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” баррасӣ гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки таъсиси ҳамкориҳои нави роҳбарони ANSP-ҳо ба беҳтар намудани таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ байни корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии минтақаи Авруосиё, таҳия ва татбиқи раванди қабули қарорҳои муштарак равона шудааст.

 

                                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

16 окт
Вернуться назад