DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Ҳафт ширкати ҳавопаймоии Ҳиндустон, ки дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ парвоз анҷом медоданд, таҳдид оид ба бомб дар ҳавопаймо гирифтанд, аз ҷумла ҳавопаймои ширкати “Air India”, ки аз Деҳлӣ ба Чикаго, ду ҳавопаймои ширкати “Air India Express”, ки аз Ҷайпур - Бангалор ва Мадурай – Сингапур, ҳавопаймои ширкати “IndiGo”, ки аз Даммам ба Лакхнау, ҳавопаймои ширкати “SpiceJet”, ки аз Дарбханга ба Мумбай, ҳавопаймои ширкати “Akasa Air” аз Силигури ба Бангалор ва ҳавопаймои ширкати “Alliance Air” дар масири Амритсар — Дехрадун — Деҳлӣ парвоз менамуданд. Дар натиҷаи санҷиши Хадамоти амниятӣ маводи тарканда дарёф нагардид.

***

Тибқи натиҷаи санҷиш оид ба суқути чархболи Ми-8Т-и ширкати ҳавопаймоии “Витяз-Аэро” дар Камчатка санаи 31 августи соли ҷорӣ, ки дар натиҷаи он се узви экипаж ва 19 нафар мусофир ба ҳалокат расид, Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Федератсияи Россия шаҳодатномаи ширкати ҳавопаймоии “Витяз-Аэро”-ро барои ҳамлу нақли тиҷоратии ҳавоӣ бозхонд намуда, фаъолияти онро қатъ намуд.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Boeing” бо як гурӯҳи бонкҳо, аз ҷумла Boeing, BofA Securities, Citibank NA, Goldman Sachs Lending Partners LLC ва JPMorgan Chase Bank NA Созишномаи қарзиро дар ҳаҷми 10 миллиард доллари ИМА ба имзо расонид.

***

Пас аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Исломии Эрон парвозҳоро ба кишварҳои Аврупо қатъ намуд.

***

Бо назардошти афзоиши талабот ширкати “Flydubai” роҳандозии барномаи парвози солонаро байни Дубай ва Сочи пешбинӣ менамояд.

***

Муҷаҳҳаз намудани аввалин терминали рақамии биометрӣ дар фурудгоҳи Сочи Федератсияи Россия пешбинӣ мегардад. Барои амалӣ намудани ҳадафи мазкур байни ширкати холдингии фурудгоҳи “Аэродинамика” ва ширкати “MILE·ON·AIR” созишнома ба имзо расид. 

***

Шумораи парвозҳои мустақим байни Федератсияи Россия ва Баҳрайн дар як ҳафта ба ҳафт адад расид.

***

Намояндагони КВД “Қазаэронавигатсия” дар форуми “Routes World 2024” ширкат ва бо намояндагони ширкатҳои “Japan Airlines” (Ҷопон), “China Airlines” (Чин), “MNG Havayollari” (Туркия), “Cathay Pacific Airways” (Гонконг, Чин), инчунин бо дигар намояндагони соҳаи авиатсия мулоқотҳо доир намуданд. Ҳадафи асосии чорабинии мазкур, ки аз 6-ум то 8-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид, ба рушди хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ равона гардида буд.

***

Дар натиҷаи норасоии ҳавопаймо ширкати “British Airways” парвози ҳаррӯзаи Гатвик-Ню Йорк лағв менамояд.

***

Таҳиягари таксиҳои бесарнишини амрикоии “Wisk Aero” бо ширкати “Airservices Australia” Ёддошти тафоҳум (MoU)-ро ба имзо расонид, ки ҳадафи он ба таври бехатар ҷорӣ намудани ҳавопаймои бесарнишини “Gen 6” дар фазои Австралия равона шудааст.

***

Таъхири таҳвили аввалин ҳавопаймои Airbus A330neo боиси лағви парвозҳои пешбининамудаи ширкати “Malaysia Airlines” гардид.

***

Ширкати лизингии Португалия “Hi Fly” парки ҳавопаймоҳои худро бо 2 адад ҳавопаймои Airbus A330-200 васеъ намуд.

***

Ширкати “AirAsia” роҳандозии парвозро ба кишварҳои Аврупо ва соҳили ғарбии ИМА то соли 2030 пешбинӣ менамояд.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳи парвозҳоро ба Будапешт, Рига, Вена ва Мюнхен пешбинӣ менамоянд. Масоили мазкур дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Қазоқистон, ки дар Люксембург баргузор шуд, баррасӣ гардид.

***

Аз 27-уми октябри соли ҷорӣ ширкати “Uzbekistan Airways” илова ба парвозҳои ҳаррӯза дар масири Тошканд-Дубай 5 парвози шабонаро илова менамояд, ки шумораи умумии парвозҳо дар масири мазкур ба 12 адад мерасад.

***

Аз 11-уми ноябри соли 2024 ширкати “flyadeal”-и Арабистони Саудӣ 2 хатсайри навро ба Миср, Ҷидда-Суҳаг ва Мадина-Қоҳираро амалӣ менамояд.

***

14-уми октябри соли ҷорӣ сарвазири Британияи Кабир Кейр Стармер нақшаи сармоягузории панҷсолаи фурудгоҳи Стэнстеди Лондонро бо арзиши 1,1 миллиард фунт стерлинг муаррифӣ намуд, ки ҳадафи он таъсиси беш аз 5000 ҷойҳои корӣ ва таҳкими авиатсияи Британияи Кабир мебошад.

***

 

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, Simple Flying, Flight Global, КВД “Қазаэронавигатсия”, Uzbekistan Airways)

16 окт
Вернуться назад