DataLife Engine / ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд. 

Корҳои сохтмонии иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 7 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат ба кормандони ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Иншоот ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш мебошад.

Ҳуҷраҳои дохили бино дар фасли сармо тариқи системаи гармидиҳии мустақили ангиштӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.

Саҳни иншоот пурра чароғон буда, барои таъмини зебоӣ дар ин мавзеъ гулу дарахтони сояафкан шинонида шудааст.

Бинои хуштарҳу замонавӣ дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони ин ниҳод ба шумор меравад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамшуда, аз кормандони ин ниҳод даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин имкони беҳтарини кору фаъолият, ба нафъи давлату миллат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд.

Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дорад ва дар 8 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои даққиқ мусоидат менамояд.

Бинои хобгоҳ бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб мебошад.

Хобгоҳ бо шароити мусоид барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.

Маҷлисгоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода бо 140 ҷойи нишаст ва ошхона бо 200 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Раванди таҳсил аз ҷониби 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба зиёда аз 1000 хонанда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет метавонад барои дастрасии таълимгирандагон ба маълумоти зарурӣ мусоидат намояд.

Иловатан хоҳишмандон имкони истифода аз 1600 номгӯи адабиётро доранд.

Вақтҳои холигии хонандагон бо машғулиятҳои варзишӣ дар шароити сатҳи баланд сурат мегирад.

Бунёди майдончаи варзишӣ метавонад дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои волейбол ва футбол нақши муассир гузорад.

Таъсиси бунгоҳи тиббӣ ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа фаврияти муоина ва кӯмаки аввалияи тиббӣ ба хонандагонро таъмин месозад.

Волидоне, ки ба хотири шиносоӣ аз ҷараёни таҳсил ва огоҳ будан аз сатҳи донишу малакаи фарзандони худ ба Литсей-интернат ташриф меоранд, метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланд дар меҳмонхонаи назди муассиса истифода намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил ва буду бош дар Литсей-интернати шаҳри Турсунзодаро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илму ҳунар ва аз омӯзгорон омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо карданд.

Иншооти мазкур, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода ифтитоҳ карда шуд, ба таъсиси 14 ҷойи нави корӣ замина фароҳам овард.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Турсунзода дар 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва дар 3 муассисаи нави томактабӣ барои 650 кӯдак шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои  фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳр сохтмони боз 8 муассисаи томактабӣ барои 1200 кӯдак идома дорад.

Дар деҳоти Қаратоғи деҳаи Зарнисори шаҳри Турсунзода бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 ифтитоҳ гардид.

Бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 384 хонанда дар ду баст бо харҷи беш аз 3 миллиону 455 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муассисаи мазкур аз 14 синфхонаи барҳаво, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Дар муассисаи тозабунёд барои 240 хонанда дар ду баст шароиту имконоти муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 8 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд гардидааст.

Дар деҳаи “Шодиёна”-и деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурабек Муҳибов бунёд гардидааст.

Мактаби навбунёд дуошёна буда, аз 16 синфхона, аз ҷумла синхонаҳои компютерӣ, физика, химия, забони англисӣ, китобхона ва 7 ҳуҷраи корӣ, ки ҳамагӣ бо аёниятҳои дарсиву корӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, иборат мебошад.

Дар бинои навтаъсис барои 1000 хонанда дар ду баст шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони шаҳри Турсунзода азм доранд, ки чунин тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо идома диҳанд.

Дар кӯчаи Охун Бобоеви шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Лола” мавриди истифода қарор гирифт.

Ин муассисаи наву зебои муосир бо маблағи 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардид.

Ҳамакнун дар ин ҷо 200 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Ба ин хотир 8 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” ба истифода дода шуд. 

Дар муассиса 180 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Барои тарбияи онҳо 7 нафар мураббиёни соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Атохоҷа Лутфулло Баракатулло бо маблағи 4 миллиону 730 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи соҳибкор – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов дар масоҳати 0,20 гектар бунёд гардидааст.

Сардхонаи навсохт дорои таҷҳизоти муосири худидоракунӣ буда, барои нигоҳдории 2000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти замонавӣ муҳим номида, ба масъулони соҳа супориш доданд, ки бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти зудвайроншаванда шумораи сардхонаҳои муосирро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд намоянд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани сардхонаи нав 10 нафар сокини деҳаи Ғайрат ба кор таъмин гардиданд.

Ҳоло дар сардхонаи тозабунёд ба миқдори зарурӣ ангури аълосифати хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» ҷой карда шудааст, ки ҳамарӯза аз ин ҷо харидорӣ мешавад.

Ҳоло дар назди 87 хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 24 ҳазор тонна маҳсулот амал менамояд, ки дар он 500 нафар кор мекунанд.

Мувофиқи маълумот хоҷагии мазкур 22 гектар замин дар ихтиёр дорад, ки қисми зиёди онро боғу токзор ташкил медиҳад.

Ҳамасола саҳмдорони хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз 6 навъи ангур ҳосили беш аз 600 тонна маҳсулот ба даст меоранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз гармхонаи доимамалкунандаи хоҷагии мазкур дидан карданд.

Масоҳати гармхона 54 садякро ташкил дода, дар он кучати сабзавот тариқи обмонии қатрагӣ парвариш меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагидорон аз кишти асосӣ ҳосили 30 тонна помидор ва 70 тонна бодиринг гирифтаанд.

Дар ин хоҷагӣ ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 35-40 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишти такрорӣ ҳосили бодиринг фаровон асту ҳамарӯза саҳмдорон онро ҷамъоварӣ намуда, ба харидорон пешниҳод мекунанд.

Сокинони шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонҳосилӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, баробари беҳсозии сатҳи зиндагӣ ҳамзамон дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов якҷо бо фарзандонаш аз ҳисоби фоида дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мактаби замонавӣ, бунгоҳи нави саломатӣ ва 1,5 километр роҳ бунёд карда, ҳамзамон барои сокинони деҳаи Ғайрат об оварданд ва оянда боз нақша доранд, ки коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот бо таъсиси 40 ҷойи корӣ бунёд намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон ва сокинони заҳматкаши шаҳри Турсунзода суҳбат намуда, онҳоро ба истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои корами кишоварзию наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрока ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ҳидоят намуданд.

Роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва хоҷагиҳои деҳқонии он бо истифода аз ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки пойтахти кишварро дар чор фасли сол ба тамоми маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунанд. Барои ин тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои водии Ҳисор барои таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти хушсифат қарордодҳои лозимӣ баста шавад.

Роҳбари давлат пас аз ифтитоҳи сардхона ва боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» корхонаи истеҳсоли хишт ва қубурҳои пластикии ҶДММ «Нигора»-ро ба таври маҷозӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар корхона дар як сол ба миқдори 4,6 миллион дона хишти пухта ва 36 тонна қубурҳои пластикии гуногунқутр истеҳсол шуда, 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои нави иншооти соҳаи саноат шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ду соли оянда дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат 4 корхонаи нави саноатӣ бо харҷи зиёда аз 275 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.

ҶДММ «Амиго», марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф», ҶСП «Саноати алюмин» ва ҶДММ «Алюминийи аввалин» аз ҷумлаи корхонаҳои сохташаванда мебошанд, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мегарданд.

Баъди ворид ва насби технологияи муосир дар корхонаҳо истеҳсоли маводи маъдании изолиатсионӣ, қубурҳои алюминӣ, маҳсулоти пластикӣ, профил ва констуксияҳои бинокорӣ пурра бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ – алюминийи аввалияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба роҳ монда хоҳад шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло мувофиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар 4 иншооти соҳаи саноат идома дорад. Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳо наздики 400 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои нав муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дастгирии фаъолияти бахши хусусӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад ва онҳо бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешбинишуда имкон доранд, ки саҳми худро дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша»-ро дар деҳаи Заркамар 1-и деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз ҷониби роҳбари Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ, шодравон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкорона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 46 садяк замин, бунёд ёфтааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистон моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, дар муддати камтар аз 10 моҳ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти навбунёди таълимӣ, ки аз 2 ошёна иборат мебошад, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 300 то 350 кӯдак пешбинӣ шуда, барои кор бо онҳо 20 мураббияи соҳибтаҷриба ва ёрдамчиёни мураббияҳо ҷалб карда шудаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ ҳоло 30 нафарро ташкил дода, дар сурати зиёд гардидани тарбиятгирандагони боғча, шумораи кормандон аз ҳисоби мураббияҳо афзун карда мешавад.

Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» дорои 50 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, хобу истироҳат ва ошхонаю дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бинои навбунёд бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ низ пайваст мебошад. Тамоми синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ ва деворҳои муассиса бо расму мусаввараҳои ҷаззобу диданӣ, ки ҳамагӣ ифодагари дунёи рангини кӯдакон мебошанд, оро дода шудааст.

Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои ташаккули зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тамоми тадбирҳо андешида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити кӯдакистон ба сифати корҳои анҷомшуда ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, бунёди чунин муассисаи томактабии муосирро дар сатҳи маҳал, ташаббуси оқилонаву зарурӣ ва кори хайру савоб арзёбӣ намуданд.

Саҳни бинои Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» сабзу гулкорӣ карда шуда, роҳравҳои он пурра сафолакпӯш карда шудааст. Насби муҷассамаи

ҳайвоноти гуногун дар саҳни бино, ки ифодагари табиати бою рангини Тоҷикистон мебошад, барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии дӯстрӯякон ва муносибати дурусти онҳо бо табиат муассир аст. Ҳамзамон дар саҳни бино ду айвончаи тобистона ва атраксионҳо барои бозии кӯдакон насб гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо масъулон ва омӯзгорони боғчаи мазкур, онҳоро ба таълими босифат, омӯзиши донишҳои муосир ва тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳидоят намуданд.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров дар масоҳати беш аз 500 гектар замин бунёд карда шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи зарфиятҳои фаровони аграрии минтақа, аз ҷумла обу замин ва саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқавории кишвар маслиҳатҳои судманд доданд.

Хоҷагӣ зиёда аз 1100 нафар саҳмдор дошта, теъдоди коргарони доимиву кироя ҳангоми авҷи корҳои саҳроӣ ба бештар аз 4 ҳазор нафар мерасад. Инчунин, ин шабу рӯзҳо заминҳои ин хоҷагӣ барои тоҷирони маҳаллӣ низ ҷойи кор дониста мешавад, зеро дар мавсими ҷамъоварии ҳосил теъдоди харидорон бамаротиб зиёд мегардад.

Роҳбарияти хоҷагӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар токзор бештар аз 10 намуди ангури ба иқлими маҳал мувофиқ парвариш карда мешавад.

Дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сафед”, “Кишмиши сиёҳ”, “Президент”, “Аватар” ва ғайра, ки навъҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошанд, парвариш карда мешаванд.

Мувофиқи дурнамои истеҳсолӣ, саҳмдорони хоҷагӣ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар гирифтанд. Бо назардошти таъсири манфии сардиҳои мавсими гузашта, саҳмдорони хоҷагӣ талош намуданд, ки бо иҷрои меъёру қоидаҳои агротехникӣ, махсусан барқарор кардани майдони боғҳо фаровонии ҳосилро қариб ба ҳаҷми истеҳсолот дар солҳои 2021-2022 баробар созанд.

Хоҷагидорон, пеш аз ҳама, барои таъминоти бозори истеъмолии дохилӣ талош карда, боқимондаи ҳосилро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Ба хотири тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар ҳудуди хоҷагӣ барои нигоҳдории зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот сардхонаҳои замонавӣ бунёд гардидааст. Маҳсулот дар сардхонаҳо то оғози боришот захира карда мешавад. То имрӯз дар ҳамаи сардхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 5800 тонна ангур захира карда шудааст. Шумораи сардхонаҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 78 адад расида, ғунҷоиши онҳо бештар аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки фаъолияти сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро ин воситаи асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар тамоми фасли сол буда, сифати маҳсулот дар сардхона коҳиш намеёбад.

Шаҳри Турсунзода минтақаи муҳими аграрии Тоҷикистон буда, ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ рушд кардааст. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр зиёда аз 4100 гектар токзор мавҷуд мебошад. То имрӯз дар шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 320 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда, аз он 11 ҳазор тонна содир ба хориҷи кишвар шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” ба самараи кори ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки меъёрҳои боғдории суннатӣ ва ҳозиразамони боғпарварони соҳибтаҷрибаи ин хоҷагии овозадор дар миёни аҳолӣ бештар тарғиб карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуда, бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, мавизи хушсифат, ширинии аз ангур омодашуда сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ шинос шуданд.

Ангури «Шоҳона», «Президент», «Ҳусайнии сафед», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ғалаба», «Кардинал», «Пешпазак», «Аватар», «Велес» ва дигар навъҳо, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дар хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» парвариш гардида, талабот дар дохил ва хориҷи мамлакат ба онҳо зиёд аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар ихтиёри худ 100, 74 гектар токзори ҳосилдиҳанда дорад.  Дар хоҷагӣ 164 нафар саҳмдорон кор мекунанд, ки онҳо низ аз 5 то 10 нафарӣ коргар доранд.

Имсол низ новобаста аз таъсири манфии сардиҳои соли қаблӣ, бо истифода аз таҷриба ва усулҳои санҷидашудаи парвариш саҳмдорони хоҷагӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Ҳосил аз ҳар гектар боғ вобаста ба навъҳо аз 30 то 40 тоннаро ташкил додааст.

Токзорро асосан ангури навъҳои «Ҳусайнии сафед», «Ҳусайнии сиёҳ» ташкил мекард, акнун бинобар талабот ба навъҳои боз ҳам беҳтари ангур саҳмдорони хоҷагӣ марҳила ба марҳила бо роҳи пайвандкунӣ онҳоро ба ангурҳои “Велес” ва “Аватар” табдил дода истодаанд. Барои таҷриба навъҳои дигар баландҳосил низ дар ҳоли озмоиш аст.  

Аз фаровонии навъҳои ангури «Аватар» ва «Кардинал», ки ҷамъоварии он низ дар хоҷагӣ идома дорад, аён аст, ки ин навъҳои воридотӣ аллакай ба иқлим мутобиқ шудаанд ва ҳосили баланд дода истодаанд.

Муассиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад.

Ҳамасола чун мактаби таҷриба дар ин хоҷагӣ машғулияти амалии саҳроӣ барои дигар ангурпарварон ташкил ва баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар аз худ намудани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани боғҳои ангур дар мамлакат мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ аз хоҷагӣ 30 дарсади ҳосили умумии боғҳо содир гардида, ин раванд идома дорад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза дар ҳудуди хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардида, ғунҷоиши он 700 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин сардхона низ ба қадри кофӣ ангур нигоҳдорӣ мешавад.

Таҷрибаи наве, ки тайи солҳои охир дар хоҷагӣ ҷорӣ шудааст, хушк кардани ангур мебошад, ки бо риояи технологияи махсус амалӣ мегардад. Имсол низ саҳмдорони хоҷагӣ аз 40 тонна ангури тару тоза 10 тонна мавизи хушсифат истеҳсол намуданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки агар саҳмдорони хоҷагӣ солҳои қаблӣ асосан ангури навъи “Ғалаба”-ро хушк карда, ба хориҷи кишвар ва бозорҳои дохили ҷумҳурӣ мебароварданд, имсол ба таври таҷриба ангури навъҳои «Велес», «Президент», «Шоҳона» ва «Аватар» - ро хушк намудаанд.

Хоҷагидорон нақша доранд, ки, дар   оянда ба таври васеъ хушккунии ангур аз навъҳои «Аватар» ва «Велес»-ро ба роҳ монанд. Бино ба натиҷаи таҷриба, аз ин навъи ангурҳо мавизи хушсифат ба даст оварда шудааст.

Бо коркарди ангур ва истеҳсоли мавиз самараи иқтисодӣ зиёд гардида, дар баробари таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои иловагии корӣ, даромади бештар ба даст оварда мешавад. Аз 4 килограмм ангури тару тоза 1 килограмм мавизи хушсифат ҳосил мешавад. Мавизи истеҳсолгардида то 100 сомонӣ ва баъзе аз навъҳо аз ин бештар харидор дорад. Мавиз бо ду усул – офтобӣ ва соягӣ омода карда мешавад.

Бо назардошти иқлим ва шароити мусоиди кишвар заҳматкашони хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” усули офтобиро интихоб намудаанд. Ба ақидаи онҳо мавизи дар офтоб хушкшуда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштамъу босифат аст. Ҳадафи ба роҳ мондани хушкнамоии ангур бо чунин усул рақобатпазир гардонидани маҳсулоти ватанӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат роҳбарияти хоҷагии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар амалӣ кардани амалҳои хайр низ саҳми назаррас доранд. Хоҷагӣ дар бунёду навсозии роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва ободонии маҳал саҳм мегузорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаи заҳмати боғдорон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила коркарди бештари ангур, таъсиси иловагии ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротӣ, анҷоми корҳои хайр ва ҳиссаи назаррас гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба саҳмдорон ва роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳамин тавр имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои таълимии Литсей –Интернат барои кӯдакони болаёқати шаҳри  Турсунзода барои 1000 хонанда дар ду баст, сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020”, се муассисаи томактабӣ барои 700 кӯдак, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар 2 баст ва корхонаи хиштбарорӣ ва қубурҳои пластикии ҶДММ “Нигора”бо иқтидори 4,6 млн дона хишт ва 3 тонна қубурҳои пластикӣ дар як сол ба  истифода дода шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба Сарвари давлат лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла марҳилаи дуюми ҶДММ “АлюминПроф”, лоиҳаи сохтмони ҶДММ “Амиго”, ҶДММ “Алюмини аввалин” ва “Саноати алюмин” муаррифӣ карда шуд. Бо бунёди корхонаҳои мазкур боз барои зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон ҷойҳои корӣ таъсис дода мешавад. Ин соҳибкорон ҳамчунин уҳдадорӣ гирифтанд, ки барои нигаҳдории беш аз 6,5 ҳазор тонна меваю сабзавот сардхонаҳои нави муосир бунёд менамоянд.

Дар ҳошияи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ҳамчунин 5 иншооти таъиноташ гуногун, аз ҷумла бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои 192 хонанда дар ду баст, Маркази савдо бо 300 нуқтаи савдо дар маҳаллаи 5-уми шаҳр, марҳилаи дуюми бозори “Ҷаҳони Бозургон" бо 1000 нуқтаи савдо, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 192 хона дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дармонгоҳҳои хусусӣ дар кучаҳои “15-солагии Истиқлолият” ва “Аҳамади Дониш” мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 1500 нафар  бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

Дар баробари ин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватӣ аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 61 км роҳҳои маҳаллӣ асфалтпуш ва 18 км роҳҳо бетонпуш карда шуд.

 
https://prezident.tj  
 
 
 

17 окт
Вернуться назад