DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Бо мақсади омӯзиши рушди инфрасохтори гидрогенӣ ва декарбонизатсияи авиатсия ширкати “Airbus” бо 3 фурудгоҳи бузурги Ҷопон, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Кансай, Фурудгоҳи байналмилалии Осака ва Фурудгоҳи Кобе ҳамкорӣ менамояд. Ҳамкориҳои нав тавассути Ёддошти тафоҳум ба расмият дароварда шуданд.

***

2-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи 136-ум конфронси “Canton Fair UK Promotion Conference”-и Британияи Кабир ширкати “China Southern Airlines” парвози Гуанчжоу ва шабакаи хатсайрҳои худро муаррифӣ намуд.

***

Бар асари корпартоии кормандони амният, ки боиси нокифоя будани ҳайати кормандон барои таъмини амнияти парвозҳо гардид Фурудгоҳи байналмилалии Шарлерои Белгия ҳамаи парвозҳои санаи 22-юми октябрро лағв намуд. Ёдовар бояд шуд, ки фурудгоҳи мазкур дар як рӯз ба зиёда аз 20 ҳазор мусофир хизмат мерасонад.

***

Ширкати Федератсияи Россия “Godrone” детектори “Набат”-ро таҳия намуд, ки метавонад дар як вақт то ҳафт ҳавопаймои бесарнишинро кашф намуда, маълумоти заруриро ба экран интиқол диҳад.

***

Ширкати “Nesma Airlines” барномаи парвозро аз фурудгоҳи байналмилалии Внуково ба Хургадаи Миср оғоз намуд, ки парвозҳои ҳаррӯз тавассути ҳавопаймоҳои Airbus A320-200 анҷом дода мешаванд.

***

Ширкати “China Express Airlines” дар доираи ҷадвали парвози худ барои фасли тирамоҳу зимистон аз 29-уми октябри соли 2024 то 29-уми марти соли 2025 парвозро аз Тзямуси ба Фурудгоҳи Байналмилалии Хабаровск роҳандозӣ менамояд, ки парвозҳо дар як ҳафта се маротиба амалӣ мегардад.

***

Дар натиҷаи мушкилӣ дар навигатсияи заминӣ санаи 20-уми октябри соли ҷорӣ парвозҳои фурудгоҳҳои шимолии Италия, аз ҷумла Милан, Турин, Бергамо ва Генуя лағв гардиданд. Сабабҳои садама мушаххас нест. Дар ҳамин замина дар фурудгоҳи Болония дар натиҷаи номусоидии обу ҳаво ва борони шадид парвозҳо лағв гардиданд.

***

Дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи саноати дифоъ Ҷумҳурии Чехия интиқоли ҳавопаймоҳои таълимии L-39NG ва ҳавопаймои L-410-и истеҳсоли худро ба Ҷумҳурии Қазоқистон пешбинӣ менамояд.

***

Дар Дарфури Судон ҳавопаймои Ил-76 суқут намуд, ки дар ҷои ҳодиса шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Россия ва ҳуҷҷати муҳандисии ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт гардид.

***

Ширкати “Finnair” дар тобистони соли 2025 парвозро дар 4 самти нав ба ИМА, аз ҷумла аз Ҳелсинки ба Чикаго, Даллас/Форт-Уорт, Лос-Анҷелес ва Сиэтл-Такома ва дигар самтҳо афзоиш медиҳад.

***

Бо мақсади харидории ҳавопаймо, аз ҷумла Airbus A350 ва Boeing 777X ширкати “Etihad Airways” бо ширкатҳои “Airbus” ва “Boeing” музокирот менамояд.

***

Ширкати “Победа” парвозро аз Москва ва Санкт-Петербург ба Минск муваққатан лағв менамояд. Тибқи иттилои ширкат парвози ниҳоӣ аз Москва ба Минск 26-уми октябр ва аз Санкт-Петербург ба Минск 25-уми октябри соли 2024 пешбинӣ гардидааст. Ширкат барқарор намудани парвозро ба шаҳри Минск дар охири моҳи марти соли 2025 пешбинӣ менамояд.

***

Президенти Ҷумҳурии Абхозистон Аслан Бжания пешниҳод намуд, ки парвози мустақим аз Уфа ба Абхозистон роҳандозӣ шавад.

***

Парвозҳои экспресс аз шаҳри Сочи ба Ҷумҳурии Узбекистон ба парвозҳои муқаррарӣ иваз карда мешаванд. Парвози мунтазам аз Сочи ба Тошканд аз 27-уми октябр тавассути ҳавопаймои Airbus A320neo оғоз мегардад.

***

Ширкати “Allegiant Air”, ки пурра бо ҳавопаймоҳои Airbus фаъолият менамуд, аввалин парвози ҳавопаймои Boeing 737 MAX 8-200-ро дар санаи 20-уми октябр амалӣ намуд, ки ба оғози расмии фаъолияти паркӣ илова гардид.

***

Бинобар мушкилӣ дар таҳвили ҳавопаймо, ширкати “Iberia” аввалин парвози Airbus A321XLR-ро то моҳи ноябр ба таъхир гузошт.

***

Ширкати “Emirates” барои ширкати фаръии худ “Emirates SkyCargo” панҷ адад ҳавопаймои боркашонии иловагии Boeing 777F-ро фармоиш дод, ки таҳвили аввалин ҳавопаймо дар моҳи июли соли 2025 пешбинӣ мегардад.

***

Ширкати “Air White Whale”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин ҳавопаймои боркашонии бесарнишини худро, ки ҳамзамон бузургтарин дар ҷаҳон аст, омода намуда, дар самти сертификатсияи он корбарӣ менамояд. Таҳвили ҳавопаймои бесарнишин дар соли 2026 пешбинӣ мегардад.

***

Ширкати “Textron Aviation” намунаи мукаммалшудаи ҳавопаймоҳои сабуки “Gen3”-ро бо хусусияти стандартии фуруди автоматӣ истеҳсол менамояд.

***

Аз 17-уми ноябри соли 2024 ширкати “Uzbekistan Airways” аз Тошканд ба Ханчжоу парвози мунтазамро оғоз менамояд.

***

15-уми декабри соли 2024 ширкати “WestJet” парвозро аз Торонто ба Гренада оғоз менамояд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, Simple Flying, Flight Global, China Southern Airlines, Uzbekistan Airways)

22 окт
Вернуться назад