DataLife Engine / СЕМИНАР ОИД БА ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ БЕХАТАРӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ

СЕМИНАР ОИД БА ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ БЕХАТАРӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ

Аз 15-ум то 17-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон семинари навбатии “ICAO EUR/NAT Safety Culture” бахшида ба таҳкими фарҳанги бехатарӣ дар соҳаи авиатсия баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони соҳаи авиатсияи гражданӣ аз 20 кишвари олам, аз ҷумла сардори Раёсати рушди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бахтиёр Шералиев, инчунин намояндагони ташкилотҳои соҳавӣ – EUROCONTROl, IATA, ширкатҳои ҳавопаймоӣ “Airbus” ва “Boeing” ширкат варзиданд.

Зимни чорабинӣ мутахассисони соҳа ҷиҳатҳои асосии фарҳанги бехатариро муҳокима намуда, ҳамзамон дар ин нишаст мубодилаи таҷриба оид ба муайян намудани беҳтарин таҷрибаҳо дар ин равандро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани бехатарии парвозҳо, такмил додани системаҳои идоракунии бехатарӣ, ҳамзамон баланд бардоштани огоҳӣ оид ба муҳимияти бехатарӣ аз ҷониби ҳамаи намояндагони саноати авиатсионӣ равона гардид.

Боиси ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) баргузор гардида, барои ноил шудан ба ҳадафҳои бехатарии авиатсия равона шудааст.

                                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

22 окт
Вернуться назад