DataLife Engine / КАШФИЁТИ ОЛИМОНИ РУС БА КОҲИШИ ҲОЛАТИ ТУРБУЛЕНТӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

КАШФИЁТИ ОЛИМОНИ РУС БА КОҲИШИ ҲОЛАТИ ТУРБУЛЕНТӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

Олимони Маркази коммуникатсияи илмии Донишкадаи физика ва техникии Москва таъсири мавҷҳои зарбаи заифро ҳангоми парвоз бо суръати 3 ҳазор км/соат бо канори боли ҳавопаймо муфассал омӯхтаанд. Натиҷаи татқиқот нишон дод, ки дар ин раванд вобаста ба тарҳи канори боли ҳавопаймо тағйироти ҷиддиро ба амал меояд.

“Дуруст муайян намудани ҷойгиршавии гузариши ламинар-турбулентӣ барои пешгӯии ҳолати гармии сатҳи боло ва таъмини бехатарии парвоз нақши асосиро мебозад. Натиҷаи татқиқоти мо нишон медиҳад, ки бо тағйир додани шакли сатҳи болоӣ мо ба рафтори қабати сарҳадӣ таъсири калон расонда метавонем”, - шарҳ медиҳанд олимон. Тибқи иттилоъ мавҷҳои зарбавӣ метавонанд дараҷаи турбулентиро дар қабатҳои сарҳадии ҳаво хеле баланд бардоранд. Бо мақсади омӯзиши ин ҳолат онҳо намунаи компютерии лулаҳои аэродинамикии Т-325-ро дар якҷоягӣ бо Донишкадаи механикаи назариявӣ ва амалӣ таҳия намуда, таъсири мутақобилаи мавҷҳои зарбаро бо навъҳои гуногуни канори болҳо ҳисоб намуданд.

Тадқиқоти гузаронидаи олимон нишон дод, ки канораҳои гуногуни болҳо шаклҳои гуногуни халалдоршавиро ба вуҷуд меоранд – дар ҳолати канори тез як пайраҳаи статсионарӣ ба амал меояд, ки аз як ҷуфт гирдобҳо иборат мебошад, дар ҳоле ки канори кунд ду пайраҳаи ҷудогонаро ба вуҷуд меорад. Пайдоиши ин сохторҳо боиси афзоиши ноустувории ҷараён мегардад ва ба гузариши бармаҳали турбулентӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин олимон инчунин дигаргуниҳои номаълум оид ба  чи гуна ҷараёни гузариш аз ҳолати турбулентии ламинарӣ (тартиботӣ) ба хаотикӣ, ки дар наздикии минтақаи мавҷҳои зарбазан ҷойгир мебошанд, кашф намуданд. Пурра омӯхтани ин ҷараён бехатарӣ ва самарабахшии парвози киштиҳои ҳавоии фавқулсадо (сверхзвуковых)-ро баланд мебардорад.

 
24 окт
Вернуться назад