DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

22-уми октябри соли ҷорӣ ширкати “Qatar Airways” нахустин парвози ҳавопаймои Boeing 777-ро дар масири Доҳа-Лондон амалӣ намуд.  

***

Дар минтақаҳои бақайдгирии парвозҳо дар фурудгоҳи Пулково насби системаи назорати видеоӣ дар асоси зеҳни сунъӣ пешбинӣ мегардад. Тибқи хусусиятҳои техникӣ, барнома бояд шумораи мусофиронро дар минтақаи назоратшаванда ҳисоб намуда, дар ҳолати афзоиш ёфтани шумораи мусофирон хабардор намояд.

***

Маъмурияти авиатсионии Белорус ва Иордания Ёддошти ҳамкорири имзо намуданд.

***

Ширкати “Азимут” шумораи парвозҳои байналмилалиро аз Уфа афзоиш медиҳад. Аз 28-уми октябр ширкат парвозро ба Самарқанд, 29-уми октябр парвози иловагиро ба Ереван ва Тифлис пешбинӣ менамояд.

***

Дар робита ба ҳамлаи террористии рӯзи чоршанбе дар Анқара  ба амал омада мақомоти Туркия дар даромадгоҳҳои фурудгоҳҳо санҷиши иловагии воситаҳои нақлиёт ва бағоҷи мусофиронро пурзӯр намуда , ҳамчунин  таъмини амниятии бандарҳои ҳавоиро  ба роҳ мемонад.

***

Бори аввал антропологҳо ва бостоншиносони Узбекистон ва Амрико аз радарҳои лазерӣ, ки дар ҳавопаймоҳои бесарнишин насб шудаанд, харитаҳои муфассали ду шаҳри баландкӯҳи қадимиро таҳия намуданд.

***

Ширкати “Red Wings Airlines” барномаи парвози худро ба Гурҷистон васеъ намуда, аз 29-уми октябр парвозро аз Минералние Водӣ ба Тифлис ва аз 2-уми ноябр ба Батуми парвозҳоро роҳандозӣ менамояд.

***

Аз 27-уми октябри соли ҷорӣ ширкати “Qazaq Air” парвозҳои мунтазами ҳаррӯзаро аз Остона ба Ҷезқазгон оғоз менамояд.

***

Бинобар сабаби коҳиш ёфтани шумораи мусофирон ширкати “Spirit Airlines” 23 адад ҳавопаймои Airbus A320-ро ба фурӯш гузошт.

***

26-уми октябр ширкати “Air Canada” аз Калгари ба Деҳлӣ тавассути фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон хатсайри навро бо ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner  оғоз менамояд.

***

Ширкатҳои “Vietnam Airlines” ва “Garuda Indonesia” ҳамкориҳои худро тавассути Ёддошти тафоҳум (Тафоҳумнома) густариш медиҳанд, ки ҳадафи ин созишнома афзоиш додани ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо байни Ветнам ва Индонезия равона шудааст.

***

Ширкатҳои “Air India” ва “Singapore Airlines” Созишнома оид ба мубодилаи рамзҳоро имзо намуданд, ки 27-уми октябри соли 2024 ширкатҳои мазкур рамзҳоро дар парвозҳое, ки Сингапурро бо Бенгалур ва Ченнай мепайвандад, мубодила хоҳанд намуд.

***

22-уми октябр ширкати “KLM” ҳамчун як қисми ташаббуси устувории Aviation Challenge парвози махсусро аз Амстердам Схипхол ба Сингапур амалӣ намуд. Ин ташаббуси SkyTeam ширкатҳои ҳавопаймоиро ташвиқ бар он мекунад, ки таъсири худро ба муҳити зист ва нигоҳ доштани амалиёти мунтазам ба ҳадди ақал расонанд.

***

23-юми октябри соли 2024 ширкатҳои “Air Canada” ва “airBaltic” шарикии нави худро дар доираи Созишнома оид ба мубодилаи рамзҳо рушд намуда, имкони сафар байни Канада ва минтақаи Балтикаро васеъ менамоянд.

***

 (Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, Simple Flying, Flight Global)

25 окт
Вернуться назад