29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба таври муосир сохта шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.
Иншооти таълимӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, барои таҳсили зиёда аз 1 ҳазору 100 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, 14 синфхонаи барҳавои таълимӣ, кабинети лингафонӣ бо 32 ҷойи нишаст, маркази қабули имтиҳонҳо барои 120 нафар, толори фарҳангӣ бо 700 ҷой, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Толори фарҳангӣ бо имконоти васеи баргузорсозии чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангӣ – фароғатӣ, гӯшаи табиати Тоҷикистон, осорхона бо фарогирии 3 давраи таърихӣ, аз ҷумла таърихи қадимаи тоҷикон, даврони қабл аз соҳибистиқлолӣ, замони Истиқлоли давлатӣ ва таърихи фаъолияти донишгоҳи мазкур дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст.
Синфхонаҳои таълимии барҳаво, ки дорои шароити хуби донишомӯзӣ мебошанд, дар ошёнаҳои болоии бино ҷойгир аст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забон ва адабиёти рус – забони англисӣ ва забони муосири рус – тарҷумон дар сатҳи баланди касбӣ омода карда мешаванд, зеро ҳадафи аслии таъсиси ин бинои таълимӣ амалишавии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои давраи то соли 2030” ба шумор меравад.
Лозим ба таъкид аст, ки раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯйи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаю барномаҳои давлатии таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дастовардҳои донишгоҳ дар самти ҳамкории байналмилалӣ назаррас буда, соли равон 89 ихтисоси донишгоҳ аз акредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи махсус гардид.
Ин муассисаи таҳсилоти олӣ ҳоло бо беш аз 120 муассисаи хориҷи кишвар дар самти илму маориф, аз ҷумла табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ҳамкориро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.
Ҳоло донишгоҳ дорои 11 бинои таълимӣ, 6 хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён, 14 факултет, 63 кафедра ва 89 ихтисос мебошад, ки 73-тои он ихтисоси омӯзгорӣ аст.
Дар донишгоҳ дар умум 18 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи ихтисосҳои муқарраршуда таҳсил менамоянд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 кишвари ҷаҳон таҳсили илм мекунанд, ки аз обурӯю нуфузи баланди он дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.
Теъдоди донишҷӯёни тариқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда 1 ҳазору 600 нафарро ташкил менамоянд, ки аз онҳо 936 нафар духтарон мебошанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии донишҷӯён дар риштаи биология ва география аз тарафи раёсати донишгоҳ соли 2023 дар боғи «Агробиолабараторӣ» бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба пайвасти илм бо истеҳсолот дар Парки технологии назди донишгоҳ истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ошхона, роҳаткурсиҳо барои толорҳои маҷлисӣ, минбарҳо, ҷевон барои китоб, рахти хоб ва нашри шиору овезаҳо ба роҳ монда шудааст.
Ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳи мазкур ва мавриди истифода қарор гирифтани боз як бинои муосири таълимӣ барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат рӯйдоди муҳиму фараҳбахш ва таърихӣ мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имконоти фароҳамшуда дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дар сатҳи баланди касбӣ тайёр намудани мутахассисони риштаи омӯзгориву забондониро рисолати касбӣ ва масъулияти аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ояндаи дурахшони ҳар давлату миллат ба рушди бемайлони низоми маорифи он ва дар ин замина тарбияи кадрҳои хуб алоқамандии зич дорад.
Дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид.
Иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.
Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд.
Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст.
Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.
Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.
Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ ва дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Марказ ёддоштҳои ҳамкорӣ бо Институти физикаи ядроии Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба имзо расонидааст.
Иншооти замонавӣ ҳамчунин хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои худро барои кишварҳои минтақа пешбинӣ намуда, дастрасии таҳлилҳои босифат ва таҳқиқотро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба амният таъмин менамояд. Маркази муосир ба ҳайси платформа барои табодули таҷриба, гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ дар оянда хидмат намуда, барои ташаккули ҷомеаи илмӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амнияти ҷисмонӣ ва пешгирии паҳншавии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ равона шудааст, саҳм мегузорад.
Дар ин ҷода, ифтитоҳи маркази мазкур афзалиятҳои стратегӣ ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими амният ва рушди илм дар минтақа инъикос намуда, инчунин садоқати кишварамонро ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паҳн накардани аслиҳа тасдиқ мекунад.
Барои дастгирии олимони ҷавон 12 ҷойи хоб муқаррар шудааст, ки шароити мусоиди гузаронидани таҳқиқот ва табодули дониш байни олимон аз кишварҳои гуногунро фароҳам меорад.
Марказ дорои 4 синфхонаи махсус мебошад, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомӣ омӯзиш гирифта, дар соҳаи муқовимат ба таҳдидҳо, ки ба силоҳи қатли ом ва терроризми химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқамандӣ дорад, дониш ва малакаи худро баланд мебардоранд.
Барномаҳои таълимӣ барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин ру ин Марказ яке аз бузургтарин муассисаҳои минтақавӣ барои омодасозии кадрҳо басо муҳим дониста мешавад.
Баъди шиносоӣ бо шароити иншоот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти озмоишгоҳҳои марказ баҳои баланд дода, барои истифодаи самаранок баҳри рушду таҳкими илми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсияҳои судманд доданд.
Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст.
Лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд - як роҳ” мусоидат менамоянд.
Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзишии қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад.
Бино дорои ҳуҷраҳои омӯзишии замонавӣ ва интеллектуалии бо таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлилии химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад.
Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.
Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир карда мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки он бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм, бо истифода аз силоҳи қатли ом, маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва истифодабарии дигар усулҳои ҳозиразамон ба нақша гирифта шудааст.
Бинои Маркази байналмилалӣ аз 10 ошёна иборат буда, бунёди он дар масоҳати 40 садяк замин пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.
Бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар масоҳати 12 садяк замин бунёд мешавад.
Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисӣ ва синфхонаҳои муосири муҷҷаҳаз пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино ва муҷаҳҳазгардонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ амалӣ мешавад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои назорати иҷрои босифати корҳо ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” шинос шуданд. Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалисозии рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис дода шудааст.
Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ ба танзим дароварда мешавад.
Аз 30 модули рақамикунонӣ, ки дар вазорат мавҷуд аст, айни ҳол 13 модул ба монанди муҷаҳҳазсозии техникаҳои роҳсозӣ бо GPS ва назорати фаъолияти самараноки онҳо, инчунин пешгирии ҳаракати нақлиёти гаронвазн тавассути тарозуҳои замонавии динамикӣ ва пайваст ба марказ мавриди амал қарор дорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таъсиси маркази тамос бо рақами кутоҳкардаи 8808 дар самти беҳтар кардани кору хизматрасонӣ муосидат намуда, раванди гирифтани иҷозатнома, рухсатнома, роҳхату борхат, мавҷудияти бор ё талаботро барои воситаи нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор пешниҳод менамояд.
Маркази тамос имкон медиҳад, ки аз тамоми гушаву канори кишвар ва берун аз он фармоишҳо аз руи самтҳои боркашонӣ, мусофирбарӣ, гирифтани роҳхату борхат қабул гардида, саривақт иҷро шавад.
Марказ аз раёсатҳои Низоми идоракунии дороиҳои роҳ, Раёсати барномасозон ва амнияти иттилоотӣ, Раёсати низоми зеҳнии нақлиётӣ, ки дар ҷаҳон бо номи ITS маъмул аст ва Логистикаи рақамӣ иборат буда, ҳар як раёсат вобаста ба самти фаъолият, аз ҷумла баруйхатгирӣ ва шиносномакунонии пурраи дороиҳои роҳ, барномасозиҳои модулҳои рақамикунонии соҳа ва амалӣ намудани тамоми барномаҳое, ки дар асоси талаботи 30 модули соҳа таҳрезӣ шудаанд, имкон фароҳам месозад.
Системаи электронии марказ бо равзанаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия пайваст шуда, барои содда гардонидани раванди хизматрасонии нақлиётӣ мусоид мебошад.
Илова ба ин тамоми нақлиёти боркаш ва макони мавҷудияти бор бо таври электронӣ дар махзан ҷойгир шуда, тибқи фармоиши мизоҷон ва соҳибкорон бо хизматрасонӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ин замина дар самти ҳамкории байналмилалӣ низ пешравиҳои назаррасе ба миён омада аст.
Ҳоло замон ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ба роҳ монда шуда, бор аз бандарҳои обӣ бемамониат ва бо нархи арзон дастрас мегардад.
Дар маҷмуъ фаъолияти марказ имкон медиҳад, ки тамоми хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳисоботи оморӣ, таҳлил ва банақшагирӣ ба таври электронӣ, шаффоф таъмин шавад ва амалҳои коррупсионию иқтисоди пинҳонӣ ба маротиб коҳиш ёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ низ, ки ҳадафи асосии ташкили он – омода намудани мутахассисону коршиносони соҳавии сатҳи байналмилалӣ барои иштирок дар гуфтушунидҳо, яъне баланд бардоштани савияи дониши дипломатии онҳо барои муаррифӣ, пешбурд ва ҳифзи манфиатҳои нақлиётии кишвар, инчунин таҳкими мавқеи нақлиётии ҷумҳуриӣ дар минтақа мебошад, шинос шуданд.
Барои пешбурди фаъолият дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётии байналмилалӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ бо шарикони рушд ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, барои рушди ҳамкории мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, тасмим аст, ки аз кишварҳои ҳамсоя ва шарик коршиносони варзида ба ҳайси ҳамоҳангсозони барномаҳои минбаъда ҷалб карда шаванд ва ҳамкории судманд барои коркарди сиёсати ягонаи минтақавии нақлиётӣ роҳандозӣ гардад.
Дар Вазорати нақлиёт бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин озмоишгоҳи КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” баъди навсозӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Озмоишгоҳ аз бахшҳои озмоиши бетон ва регу шағал, асфалт ва қир, маводи кимиёвӣ, озмоиши экологӣ ва корҳои пеш аз лоиҳакашӣ мебошад, ки бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ҳоло ба ғайр аз ин озмоишгоҳ дар ихтиёри худ боз ду озмоишгоҳи сайёри бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурии ташхисӣ муҷаҳҳаз, георадарҳои иктишофии замонавӣ дорад, ки имкониятҳои онро дар гузаронидани корҳои озмоишӣ ва назоратӣ боз ҳам беҳтар менамояд.
Таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва иқтидори зеҳнию малакаи кормандон дар самти лоиҳакашӣ ба озмоишгоҳ имкон медиҳад, оид ба муайян намудани хосиятҳои физикию механикии хок, бетон, маснуоти оҳану бетонӣ, асфалт, қири нафтӣ, хокаи минералӣ, шағал, рег, об ва ҷинсҳои кӯҳӣ санҷишҳо гузаронда, рақаму далел ва маълумоти заруриро ба лоиҳакашҳо пешниҳод намоянд.
Дар доираи гузаронидани озмоишҳо бо истифодаи таҷҳизоти маъмулии анъанавӣ ва муосири технологӣ бо услуби мухталиф аз интихоб, ҷудо кардан ва дастрас намудани маводи намунавӣ то пешниҳоди хулоса, зиёда аз 100 намуд амалиёти санҷишӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин дар даромадгоҳи вазорати нақлиёт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техника ва таҷҳизоти соҳавии муосири роҳсозиву назоратӣ, дидан намуданд.
Сохторҳои нави ҳамқадами замон низоми фаъолият ва раванди хизматрасониҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизом мебошад, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби ҶСК «Душанбе-Саноат» дар масоҳати 7 ҳазору 172 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шуда, дар он истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир ба роҳ монда шудааст.
Сэндвичпанел масолеҳи сохтмонӣ буда, аз се номгӯйи ашёи хом – тунука, полиуретан ва тасма бо фишордиҳии гарм ё хунук омода карда мешаванд. Маҳсулоти корхона вобаста ба таъйинот панелҳои сақф ва панелҳои девор ҷудо карда шуда, асосан барои намои берунаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, сардхонаҳо, иншооти таъйиноти гуногун, пӯшидани боми биноҳои баландошёна ва яхдон бо мақсади нигоҳ доштани сардӣ ва гармӣ истифода карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 960 метри мураббаъ ва дар як сол 276 ҳазору 480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур 25 нафар бо кор таъмин гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо омӯзиши низоми кории таҷҳизоти муосири васлгардида фаро гирифта шудаанд.
То ҳол ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Акнун бо мавриди амал қарор гирифтани Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти “Сэндвичпанел” дар шаҳри Душанбе арзиши чунин маҳсулот барои аҳолӣ арзон гардида, дастрасӣ ба он низ осон мегардад. Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як корхонаи нав дар шаҳри Душанбе ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ки дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардидааст, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ибратбахш номида шуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои ҶСК “Душанбе-Саноат” шинос шуданд. Дар намоиш маҳсулоти коргоҳҳои фулузоти бетонӣ оид ба тахтасангҳои деворӣ, новаҳои бетонӣ, маҳсулоти соҳилмустаҳкамкунӣ, сутунҳои бетонӣ барои хатти интиқоли барқ, коргоҳҳои омезиши бетонӣ оид ба истеҳсоли бетони М-100, 150, 200, 350 ва 400, сутунҳои фулузотӣ барои хатти барқ, панҷара, дарвоза, нишастгоҳҳои гуногун, қуттиҳои партовгирӣ, зинапоя, коргоҳҳои тавлиди оксиген, коркарди чубу тахта, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ пешниҳод гардид.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавлиди номгӯи нави маҳсулоти босифати саноатӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ дар оянда низ тадбирҳои бештар амалӣ гардонанд.
ҶСК “Душанбе-Саноат” дар масоҳати 253 ҳазору 400 метри мураббаъ дар баробари фаъолияти якчанд коргоҳҳои истеҳсолӣ инчунин гармхона бунёд намудааст, ки дар гулу буттаҳои ороишӣ ва меваҳои ситрусӣ парвариш карда мешаванд. Истифодаи самараноки заминҳои назди ҷамъият манбаи асосии сабзгардонӣ ва гулзорнамоии атрофи коргоҳҳо ва таъмини кормандон бо меваҳои ситрусӣ мебошад.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “АРК саноат” оғоз бахшиданд.
Корхонаи “АРК саноат” аз ҷониби соҳибкор Рустам Раҳимов дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва оби ҷав буда, дар он 28 номгӯйи маҳсулот бо риояи талаботи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологии корхона аз бонуфузтарин ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Канада, Италия ва Чехия ворид карда шудааст.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол баробар ба истеҳсоли 8 миллион зарфи нӯшокиҳои ташнашикан буда, маҳсулоти он дар шаклу ҳаҷми гуногун пешниҳоди бозори истеъмолӣ карда мешавад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 40 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Васли хатҳои нави истеҳсолӣ, ки ояндаи наздик сурат мегирад, ба афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат хоҳад кард.
Ашёи хом аз дохил ва қисман аз хориҷи кишвар ворид ва дар анборҳои махсус бо риояи талабот захира карда мешавад.
Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усулҳои махсус ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои муосир месанҷанд.
Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат номиданд.
Тибқи маълумоти оморӣ аз аввали соли 2024 то ба имрӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 иншооти нави саноатӣ бунёд шудааст. Дар ин корхонаҳо наздик ба 2000 сокинон бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ, имконот ва иқтидорҳои мавҷуда аз ҷониби соҳибкорон васеъ истифода шуда, татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди саноату истеҳсолот вусъат дода мешавад.
Ин раванд барои таъмини устувори иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори саноатии кишвар ва рақобатнокии он замина мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ барои омода намудани кадрҳои афсарӣ бо маълумоти олии ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.
Корҳои сохтмонии иншоот соли 2020 оғоз гардида, дар муддати чор сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.
Барои омодасозии босифати таълим дар муассиса, тамоми шароити зарурӣ бо инфрасохторои лозима пешбинӣ шудааст.
Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ аз 7 бино иборат буда, бинои асосии он дорои синфхонаҳои таълимиву ташхисӣ, китобхона, 4 толори маҷлисӣ ва утоқҳои дигар мебошад ва бо шароити муосири зарурӣ барои омӯзиши 640 нафар пешбинӣ шудааст.
Барои таъмини афсарон бо ҷойи хоб ду бинои хобгоҳ бо 344 кати хоб бунёд гардидааст.
Барои обутоб додани ва иҷрои машқҳои варзишӣ дар муассиса, толори барҳавои варзишӣ бо имкони ташкили бозиҳои баскетбол, волейбол ва футболи хурд бунёд шудааст.
Бинои ошхона, барои 450 нафар пешбинӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар қисмати дигари саҳни муассиса бинои меҳмонхона барои 132 нафар дар як вақт сохта шудааст. Меҳмонхона бо назардошти имконоту шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бунёд шуда, аз 96 ҳуҷраи ва 3 маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои дигари ёрирасон иборат аст.
Дар шафати меҳмонхона бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои мутахассисон қомат афрохтааст.
Ҳамчунин барои баргузории мусобиқаҳои дигари варзишӣ майдони футболи ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.
Ҳамаи биноҳои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ бо системаи замонавии мутамаркази ҳавокашӣ ва гармидиҳӣ таҷҳизонида шудааст.
Саҳни иншоот пурра чароғон буда, намои он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтҳо зиннат дода шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълимӣ ва корию фароғатӣ даъват намуданд, ки мутахассисон ва ашхоси дигари масъул ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани афсарони болаёқат диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисии иншооти мазкур бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мулоқот намуда, ба онҳо барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити дар ин муассисаи нави низомӣ муҳайёгардида ва бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон супоришҳои мушаххас доданд.
Зимнан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Чин барои кумаки бебозгашти молиявию техникӣ дар бунёди ин муассиса арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони вохӯриро бо ҷашни 30-солагии Конститутсия, ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти олӣ ва арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик, ки 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба як қатор таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҷалб карданд ва барои пурзӯр намудани мубориза бо онҳо дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон зарур шумурда шуд, ки масъулини сохторҳои марбута ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Пешвои миллат ҳамчунин масъалаи пурзӯр гардонидани кор дар самти риояи талаботи қонунҳои миллӣ – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро таъкид намуданд.
Президенти кишвар ҳадафи бунёди Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ унвон карданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои беҳтарини муҳайёгардида, аз ҷумла синфхонаву толорҳои муҷаҳҳази замонавӣ ва дигар шароити мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ раванди таълими мутахассисон беҳтар гардида, дар он таҷрибаи беҳтарин муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷаҳон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини муассиса супориш доданд, ки ҳангоми тайёр кардани мутахассисон ва бозомӯзиву такмили ихтисоси онҳо ба масъалаҳои хусусияти касбӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, дар зеҳну шуури шогирдон маърифату ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати мулоҳизаронӣ, таҳлили вазъият ва вобаста ба он малакаи қабули қарорҳои заруриро тарбия намоянд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки таълимгирандагони муассисаи нави олии таълимӣ якҷо бо сохтору мақомоти дигар дар ҷодаи адои вазифаҳои хизматии худ, яъне таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ содиқонаву софдилона саъю талош хоҳанд кард.