DataLife Engine / ЭҲТИРОМИ КОНСТИТУТСИЯ МАРОМИ МОСТ

ЭҲТИРОМИ КОНСТИТУТСИЯ МАРОМИ МОСТ

Боиси сарфарозии мост, ки имсол мо 30-солагии санади сарнавиштсози миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин ҳуҷҷати муҳим аз ҷиҳати назариявӣ комилан пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишварамон қабул карда шудааст.

Вобаста ба дарки маънии Конститутсия ва таҳлили баъзе аз боб ва моддаҳои он суҳбате дорем бо сардори Шуъбаи шартномавӣ -ҳуқуқии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”  Шараф Изатуллоев

Мафҳуми Конститутсияро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Дар зери мафҳуми Конститутсия дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст.

Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ба ҳисоб рафта дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Ҳамзамон дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян гардида, он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо аст.

Бо шарофати қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Ҳамин тавр, конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ва маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, бахусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишварро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ раҳсипор менамояд.

Аз нигоҳи Шумо дар тӯли 30-соли қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳаи авиатсияи гражданӣ чӣ гуна тадбирҳо амалӣ шудаанд?

Конститутсия худ як ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафт ва рушди Тоҷикистонро барои имрӯзу оянда муайян менамояд. Яъне, ҳама гуна конститутсия барои садсолаҳо қабул мегардад. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия иқтисоди мамлакат рушду такомул ёфта, аз ҷумла барои инкишофи соҳаи авиатсияи гражданӣ шароити мусоиде фароҳам овардааст.

Дар ин фосила соҳаи авиатсияи гражданӣ низ ислоҳоти бузургеро паси сар карда, корхонаи ягонаи авиатсионии кишварамон – КВДҲ “Тоҷик Эйр” марҳилаи азнавташиклиро гузаронида, фурудгоҳҳои бузурги кишварамон ва худи КВД “Тоҷикаэронавигигатсия” ба таври мустақил фаъолиятро оғоз намуданд.

Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 тасдиқ гардид, ки тибқи он бо маблағҳои худӣ ва қарзӣ аксари таҷҳизотҳои корхонаамон иваз карда шудаанд. Дар натиҷа имконияти истифодаи транзитии фазои ҳавоии кишварамон афзуда, миқдори ҳавопаймоҳои убуркунандаи фазои ҳавоии кишварамон бамаротиб зиёд гардидааст, ки ин ҳолат, албатта, боиси даромади корхона ва пардохтҳои иловагӣ ба буҷети давлат мегардад.

Перомуни “Соли маърифати ҳуқуқӣ” чӣ андеша доред?

Пешниҳоди саривақтие, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 карда шуд, ба ифтихори санаи муҳими таърихии 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро эълон доштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад.

Конститутсияи кишварамон Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад. Мутобиқан ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд. Ҳуқуқ падидаи мураккаби ҳаёти ҷомеа аст, ки паҳлӯҳои гуногун, шаклҳои мухталифи ифода, амал ва ҳастӣ ифода мекунад Албатта, мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо мафҳуми “ҳуқуқ” ҳарчӣ бештар ошно мегардем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд намоянд. Моҳияти ҳуқуқ низ маҳз дар ҳамин ифода меёбад.

Ҳамзамон вобаста ба дарки аслӣ ва моҳияти ҳуқуқ дар ҷомеа сарвари давлат низ таъкид намуданд, ки “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад”.

Пешниҳоди мазкур, яъне эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тариқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-533 аз 18 марти соли 2024 ба расмият дароварда шуда, ҳукми қонунӣ гирифт.

Дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои зикргардида як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар байни кормандони корхона тавассути ташкил кардани вохӯриву ҷаласа ва семинар бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ходимони илм ва дигар ташкилотҳо.

Дар умуман бояд қайд намуд, ки тарбияи ҳуқуқӣ барои ҷомеаи демократӣ ва таъмини волоияти ҳуқуқу тартибот нақши калидиро мебозад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандонамон саҳм гузорем, то тавонем ҳар чи бештар бо ин восита дастур ва пешниҳодоти Сарвари давлатро дар фаъолияти ҳамешагии худ амалӣ намоем.

Таманниёти идонаи Шумо дар ин рӯз ба ҳамкасбон.

Айни ҳол, ки мо дар арафаи санаи муҳиму тақдирсоз қарор дорем, ба ҳамкасбонамон ва кули мардуми кишварамон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди ватанамон тандурустиву иқболи нек, сарбаландиву ифтихормандӣ, баракати хонадон ва ба кишвари азизамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Дар фарҷоми сухан барои чунин як суҳбати самимӣ ба Шумо изҳори сипос намуда  тамоми кормандони КВД “Тоҷикаэронавигигатсия”-ро  бори дигар ин санаи фархунда табрик мегӯем. Бигузор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ ба монанди: истиқлолу озодӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа, таъмини суботи сиёсӣ, муттаҳидиву сарҷамъӣ дар оянда низ заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

          Сармутахассиси Маркази матбуот             Фирӯз Боязитов

5 ноя
Вернуться назад