Боиси хурсандист, ки имрӯз мо дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Вобаста ба моҳияти ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ Моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле хуб шарҳ додаанд, ки муҳтавои он чунин аст: «6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи наве кушода шуда воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар идомаи таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократи дар Тоҷикистон мебошад».
Ҳамкасбон ва кормандон дар ин лаҳзаҳои хотирмон таҳлили яке аз моддаҳои Конститутсия кишварро низ бароятон муҳим мешуморам иброз намоям, ки дар он омадааст: “Тоҷикистони азизи мо бо куҳҳои сарбафалаккашида, обҳои мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва боду ҳавои мусоиди худ дар ҷаҳон шинохта шуда ҳудуди он тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Ин сарзамини биҳиштосо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст,ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин намуда, инчунин тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ мебошад ва танҳо қонуни конститутсионӣ метавонад тартиби таъсису тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро танзим намояд”.
Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Конститутсия дар ҷомеа асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд ва дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои рушдкунанда ва пешбарандаи сулҳу субот ворид сохт.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саодати неки рӯзгор, пирӯзи дар касбу кор ва дар иҷрои бонизоми қонуну санадҳои ҳуқуқии таҳия ва қабул намудаи роҳбарияти кишвар, фаъолияти пурсамари ҳамешагиро таманно менамоям.