Ҳайати кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ICAO оид ба рушди хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ICAO Route Development Group – East Special Coordination Meeting -RDGE-SCM/2024), инчунин Ҷаласаи 39-уми Гурӯҳи ҳамоҳангсозии коршиносон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” ширкат доранд. Дар рӯзи аввали Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ICAO оид ба рушди хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, ки кори худро 6-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Тошканд оғоз намуд, гузоришҳои кишварҳои ширкаткунанда, аз қабили Тоҷикистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва ташкилотҳои байналмилали соҳа, IATA, Eurocontrol, ширкатҳои ҳавопаймоии Fin Air, KLM, Air France, Delta Airlines, шунида шуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба тавсияҳои ICAO оид ба беҳтар намудани равандҳои банақшагирии ҷараёни ҳавоӣ, ҳамоҳангсозии бахшҳои шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ ва чораҳо дар ҳолати мушкилии дар сигналҳои навигатсионии моҳворагӣ равона гардид.
Муҳокимаи стратегияҳо ва чораҳои дар ҳолатҳои бӯҳронӣ татбиқшаванда бо иштироки намояндагони ICAO, таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ идомаи чорабини буд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 50 нафар мутахассисон аз созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Ҳамзамон намояндагони кишварҳои нозир – Ҷумҳурии Мардумии Чин, Манголия, Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ироқ, Сурия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ин чорабинӣ ширкат доранд.
Чорабини мазкур кори худро то 8-уми ноябр идома медиҳад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”