Ҳукумати Федератсияи Россия созишнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба ҳадафҳои осоишта барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод намуд. Дар ин хусус КВД “ Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба мақсадҳои осоишта санаи 19-уми июни соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расида буд.
Дар созишномаи мазкур ҳама принсипҳо ва меъёрҳои амалии зарурӣ барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон ва татбиқи амалии системаҳо ва технологияҳои кайҳонӣ ба ҳадафҳои осоишта пешбинӣ гардидааст. Қайд карда мешавад, ки принсип ва меъёрҳои мазкур аз ҷумла, ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, масъалаҳои танзими ҳифз ва мубодилаи ҳама гуна иттилоот, сертификатсияи истифодаи ниҳоӣ дигар ҷанбаҳои ҳамкориро дар бар мегирад.
Самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Россия барои ҳалли мушкилии кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии иншоот ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.