DataLife Engine / САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар доираи сафари корӣ 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази ташхису табобатӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст. Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз 4 ошёна ва зерошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар ягҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 1 ҳазору 445 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дорои ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, инчунин ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи муосир мебошад.

Кормандони маркази навбунёд бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхисҳои рентгени рақамӣ, таҳлили лабораторӣ ва лазерӣ-косметологӣ гузаронида, табобати беморонро бо муми кӯҳӣ, усулҳои барқӣ ва маҳси вакумӣ ба роҳ мемонанд.

Маркази ташхисию табобатӣ дар як вақт метавонад ба 90 нафар хизмати хубу босифати тиббӣ расонад.

Дар доираи барномаи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар марказ системаи ягонаи маълумотҳо амал мекунад, ки он барои қабулу сабти номи беморон ва хизматрасонии хубу босифати тиббӣ ба сокинон хизмат мекунад. Лозим ба зикр аст, ки рақамикунонии соҳаи тандурустӣ барои таъмин ва дастгирии пурарзиши иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мониторинги вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ равона шудааст. Он маълумоти дақиқ, саривақтӣ ва ба таври кофӣ тақсимшударо дастрас ва барои истифодабарандагон мувофиқ таъмин мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ буда, дар маҷмуъ ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва беҳтар шудани ҳифзи саломатии сокинон мусоидат мекунад.

 

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд.

Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад.

Дар корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, ҳоло 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад.

Оянда дар марҳилаи дуюми корхона бошад ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани технологияи муосир ва таъсиси корхонаи нави саноатиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” шинос шуданд.

Заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самти асосии фаъолияти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-ро ташкил медиҳад. Зимни муаррифии маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсолоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда муаррифӣ карда шуд. Навсозии минтақаи холискории металҳои қимматбаҳо, лоиҳаи коркарду безараргардонии партовҳои радиоактивӣ, бунёди Маркази муосири логистикӣ бо 100 ҷойи корӣ, таъсиси корхонаи муштараки коркарди қоғазпора ва истеҳсоли маҳсулот аз он, коргоҳи тавлиди зарф ва қубурҳои полиэтиленӣ ва бунёди ду бинои баландошёнаи истиқоматию хизматӣ аз ҷумлаи нақшаҳои ояндаи корхона мебошад.

 Пешвои миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа ва мутахассисони корхона барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармоя, барқароркунии иқтидорҳои бекормонда, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолӣ дар асоси технологияи тавлидкунандаи маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот супоришҳои мушаххас доданд.

18 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст. Корхона дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди саноат фаъол шуда, ҷузъе аз нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи саноатӣ аз соли 2009 ба фаъолият оғоз карда буд ва ба хотири ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол намудан ва содирот кардани он ба хориҷ тасмими навсозии корхона рӯи даст гирифта шуд.

Таҷдиди корхона ва хатҳои технологии он соли 2023 роҳандозӣ шуд ва дастгоҳу таҷҳизот аз Италия ворид гардид. Дар корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъол кардани ин корхона ва мусоидат намудан дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар иқдоми соҳибкорро шоёни таҳсин хонда, бо назардошти ивазкунандаи воридот будани маҳсулот, бобати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва мавқеъ пайдо кардан дар бозори дохиливу хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид бояд намуд, ки бо фароҳам гардидани фазои муносиби сармоягузорӣ дар кишвар чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда мешаванд ва ин тадбир дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи корӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидати созгор мекунад. Иқтидори корхона истеҳсоли бештар аз 2 ҳазор тонна парда ва дигар маводи полиэтиленӣ дар як сол мебошад. Асосан ашёи хом барои истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ – ғурушаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Ин навъи маҳсулот барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ва басту банди масолеҳи саноатӣ пешбинӣ гардидааст.

Хатти технологӣ аз насли нави дастгоҳҳои соҳавӣ буда, тибқи стандартҳои Аврупо маҳсулот истеҳсол мекунад ва дар минтақа яке аз аввалинҳо мебошад. Бартарияти маҳсулоти корхона низ дар он аст, ки пардаҳои полиэтиленӣ тавассути технологияи навтарини кишварҳои пешрафта истеҳсол карда мешавад. Иқдоми шоистаи соҳибкор дар амалӣ шудани ҳадафи Ҳукумати кишвар дар самти рушди босуръати саноат муҳим маънидод гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" бо намунаи тавлидоти корхона шинос шуда, кори соҳибкорро ибратбахш номиданд ва ба ӯ барои тақвияти фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.

Пешвои миллат бо ишора ба саҳми бонувон дар рушди соҳибкорӣ, таъкид карданд, ки ҳар иқдоми дар ҳар як самт анҷомдодаи занон шоёни дастгирист. Ба роҳбарияти корхона тавсия доданд, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, дар таъмини фаровонии бозор саҳмгузор бошанд.

Раванди истеҳсолот дар ин корхона қариб ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар бар гирифта, тариқи наслгирии инкубаторӣ аз як тухмхобонӣ қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта мешавад.

Минбаъд парвариши чӯҷаҳо идома дода шуда, асосан ба истеҳсоли гӯшт равона карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар ҷамъият беш аз 250 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҶДММ "Назар" бо тамғаи молии “Далерон” яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд аст, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми намоён дорад.

Нақши корхона дар татбиқи Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бориз аст.

Барои васеъ намудани самти фаъолият ва зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ҷамъият аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок истифода мешавад.

Дар ин корхона истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат баробар ба 5 тонна мебошад.

Ширкати мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти босамар дошта, дар он зиёда аз 150 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки парандапарварӣ тайи солҳои охир  яке аз соҳаҳои рӯ ба рушди бахши кишоварзӣ дониста мешавад. Он соҳаи самаранок ва сермаҳсул буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад, нақши калидӣ дорад.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд қариб 150 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки ҳиссаи онҳо дар таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва тухми паранда барҷаста мебошад.

Мувофиқи иттилои вазорати кишоварзӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 13 миллион сар паранда парвариш карда мешавад, ки 5,5 миллиони онро мурғи гӯштӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷаи татбиқи амалии Барномаи маҷмаавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023- 2029 пешрафти ин бахши муҳим ба назар мерасад. Дар заминаи ҳамин барнома ва имтиёзҳои давлатӣ воридоти гӯшт ва тухми паранда 6-7 маротиба коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла солҳои қаблӣ 150 ҳазори тонна гушти паранда ворид мешуд, ҳоло бошад танҳо 2 ҳазор тонна. Дар соли равон 1 миллиарду 300 миллион дона тухм истеҳсол шудааст ва кишвари мо ҳоло ба содироти ин маҳсулот ба хориҷа ҳам шуруъ намудааст.

 

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғатбону” оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев дар доираи тадбирҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ ва насби техникаю таҷҳизоти иншооти мазкур соли ҷорӣ оғоз гардида, бо ҷалби 50 нафар мутахасси маҳаллӣ дар як муддати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Масоҳати умумии корхона 1200 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он бо тарҳу намои зебо оро дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулоти он баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдоми ибратбахш номиданд.

Маҳсулоти корхона дар бозорҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фурӯш гузошта мешавад.

Таҷҳизоти коргоҳ аз насли нав буда, дар 16 хати истеҳсолӣ насб гардидааст. Технологияи коргоҳ каммасраф буда, 50 фоиз ба таври худкор фаъолият мекунад. Коргоҳи пойафзолбарорӣ дар як сол вобаста ба талабот аз 30 ҳазор то 50 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол менамояд.  Талоботи солонаи сокинони ноҳия ба пойафзол 165 ҳазор ҷуфт буда, соҳибкорон ният доранд, ки дар оянда иқтидори истеҳсолии корхонаро васеъ намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввали ба кор оғоз намудани корхона 20 нафар ба кор ҷалб шуда, маоши миёнаи онҳо аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. Дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани корхона, иловатан беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд. Ҳар як корманд аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузашта, баъдан ба кор ҷалб карда мешаванд.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар корхонаи мазкур занону ҷавондухтарон низ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона қисман аз дохил ва қисман аз хориҷ таъмин карда мешавад. Маҳсулоти нахуст аз ташхис гузаронида шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад.

Пешвои миллат зимни боздид аз намоиши маҳсулоти коргоҳ дастур доданд, ки минбаъд низ ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи зоҳир карда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ саҳм гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом чунин коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда буд.

Соҳибкори ватанӣ дар заминаи солҳои рушди саноат иқдомҳои бунёдкориро дар ин самт идома дода, мақсад дорад, вобаста ба шароит дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони давлатӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин васила то ба 500 адад расондани ҷойҳои корӣ дастуру тавсияҳо доданд. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба соҳибкор қарзи имтиёзноки давлатӣ дода шавад.

Дар навбати худ кормандони корхонаи “Ҷамияти дорои масълуяти маҳдуди «Фароғатбону» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имкониятҳои арзандаи кору фаъолият ва таваҷҷуҳи хоса нисбати онҳо, изҳори сипос намуданд.

 

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз 1 сол бо ҷалби қариб 30 нафар бинокорони маҳҳалӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расидааст.

Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад.

Ҳамзамон дар ин макон мураббиён метавонанд дарсҳои назариявӣ гузаранд. Насби нурафканҳо дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамониат доир карда шаванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки варзишгарони ноҳия дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар имкониятҳои муҳайёшударо самаранок истифода бурда, дар самти варзиш ба дастовардҳои назаррас даст ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки махсусан варзиши футбол дар ноҳия дӯстдорони зиёд дошта, тиме, ки дар лигаи дуюми кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, дастаи футболи бонувони ноҳия мебошад.

Ҳамасола наврасону ҷавонони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар деҳоти Исфисор 8 мураббӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Лозим ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Аз ҷумла, ин муассисаи варзишӣ намунаи беҳтарини онҳо мебошад.

 

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи «Сайри Суғд» -ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров бо маблағи 23 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он 15 нафар бинокорони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд.

Дар корхонаи «Сайри Суғд» бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.

Роҳандозии истеҳсоли ин гуна нақлиёт лорои манфиати зиёд аст, зеро ҳам талаботи мардум ба он афзоиш дорад ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ барои ҳифзи покизагии муҳити зист судбахш мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд.

Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Ду дастгоҳи он, ки барои буридану насби қисмҳо истифода мешаванд, ба таври автоматикӣ ва ё тариқи робот идора мешаванд.

  Як қисмати ашёи хом чун моддаҳои пластикӣ аз хориҷи кишвар дастрас мегарданд. Ашёи хоми асосӣ, яъне фулузоти оҳан ватанӣ аст.

Мотороллерҳои барқии «Сайри Суғд» ба хориҷи кишвар ҳам содирот мешавад ва тибқи иттилои роҳбари корхона самтҳои содирот ояднаи наздик бештар хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки талаботи ҷаҳони имрӯза ба истеҳсоли ҳама гуна молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои сабз ба роҳ монда шудааст ва барои пурра ба ин сатҳ расонидани кор мутахассисон бояд донишҳои мукаммал дошта, таҷрибаи худро ҳарчи бештар ғанӣ гардонанд.

Бояд тазаккур дод, ки сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ имконоту шароити фаррох фароҳам овард то онҳо фаъолияти озод дошта, ба болоравии иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардум ба таври мусбату назаррас мусоидат намоянд.

Ин аст, ки имрӯз молу маҳсулоти Тоҷикистон бо тамғаи “Made in Tajikistan” батадриҷ барои худ ба бозори ҷаҳонӣ роҳ мекушоянд ва умед аст, ки ояндаи наздик ин раванд боз ҳаам тақвият хоҳад ёфт.

 

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд.

Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад.

Ба ҳолати якуми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 теъдоди оилаҳои зарбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 525 оила расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст.

Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, баланд бардоштани маҳсулнокии занбӯр тавассути хушзоткунӣ, афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти ғизоию табобатӣ ва муаррифии фазилатҳои асали Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷалб карданд. Дар доираи “Барномаи маҷмуавии рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳирпарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027” аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 оилаи занбӯри асал ва 400 модарзанбӯри зотӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳтар кардани зот дастрас карда шудааст.

Ҳоло занбӯрпарвари соҳибтаҷриба Очилбой Ҳабибов 1000 оилаи занбӯри асал парвариш мекунад. Боз аз ҳамин ҳисоб ҳамасола 1000 оилаи занбӯри асал ба дигар хоҷагиҳо фурӯхта, фоидаи иловагӣ мегирад.

Афзалият додан ба парвариши навъҳои тухмии ватанӣ, риояи талаботи агротехникӣ ва меҳнати пайваста имкон фароҳам овард, ки ба ҳолати якуми ноябр дар вилояти Суғд зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Сарвари давлат бо назардошти шароити кунунии иқлим ва зиёдшавии талабот ба маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолии ҷаҳон дар шаҳру ноҳияҳои асосии картошкапарварии вилоят – Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, омӯзиши технологияи муосир ва дар истеҳсолот ҳарчи бештар ҷорӣ кардани таҷрибаи муосири кишту парвариши ин намуди сабзавотро зарур донистанд.

Ҳоло майдони умумии анор дар вилояти Суғд зиёда аз 500 гектарро ташкил медиҳад. Ҷаҳду талоши меҳнаткашон ба он равона карда шудааст, ки бо назардошти нозукиҳои парвариш имкониятҳо барои истеҳсоли анор зиёд гардонида шавад. Соли 2024 нисбат ба соли 2023 дар вилояти Суғд майдони умумии кишти шолӣ 1014 гектар васеъ карда шуда, ба 9619 гектар расонида шудааст. Тавассути соҳилмустаҳкамкунӣ танҳо дар соҳили дарёи Зарафшон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент майдони кишти шолӣ наздики 500 гектар васеъ гардидааст.

Дар вилояти Суғд маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз 2,7 миллиард сомонии соли 2010 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 баробар шудааст, ки афзоиш 15,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Истеҳсоли картошка дар ин давра 313,9 ҳазор тонна, шолӣ 26,6 ҳазор тонна, ангур 2,2 ҳазор тонна ва асал 421 тонна зиёд шудааст. Ин ба натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалигардонии сиёсати аграрии Ҳукумати кишвар, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва меҳнати садоқатмандонаи кишоварзон марбут дониста мешавад. Ҳамзамон корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ номгӯи маҳсулоти худро пешкаш карданд.

Роҳбари давлат бо самараи меҳнати кишоварзон шинос шуда, ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ истифодаи пурраи имкониятҳои табииро барои баланд бардоштани самаранокии замин зарур донистанд.

Таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ба истифодаи васеи имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ворид намудани технологияи муосир, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то сатҳи ниҳоӣ, мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ хушконидани мева ва афзун гардонидани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб карда шуд.

 Ҳамчунин дар ҳамин рӯз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод гардид. Ҳунармандони моҳири вилояти Суғд чапотӣ, қалама, кулча, самбуса, оши палав, буридаю туппа, қурутоб ва дигар намуди маҳсулоти нонию таомро пешниҳод карданд, ки бозгӯи ҳунари воло мебошанд. Инчунин таомҳои гуногуни аз картошка омодашуда дар намоишгоҳ пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин аз эҷодиёти халқ аз ҷониби ҳунармандон намоишҳои фолклорӣ пешниҳод шуд, ки таҷассумгари Истиқлолу озодӣ, ифтихор аз ватандорӣ ва заҳмати садоқатмандонаи кишоварзон барои истеҳсолӣ неъматҳои моддӣ мебошад. Чорабинӣ бо иштироки доираи васеи кишоварзону аҳли ҳунар ба тантанаи фараҳу хушҳолӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатдории Пешвои миллат ва зиндагии осудаҳолона табдил ёфт.

 
                                                                                                   https://prezident.tj/ 

 
 
20 ноя
Вернуться назад