DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Ширкати “Air Astana” парвозу фурудро ба фурудгоҳи нави Қизилӯрда “Қорқит Ата” оғоз намуд.

***

Аз 1-уми декабри соли ҷорӣ ширкати “Qazaq Air” парвозро аз Актюбе ба Атирау ҳамарӯза роҳандозӣ менамояд.

***

Ширкатҳои “Tourism Australia” ва “Air India” барои зиёд намудани шумораи сайёҳон аз Ҳиндустон ба Австралия Ёддошти ҳусни тафоҳумро барои се сол имзо намуданд.

***

Дар натиҷаи шикоят ва эътирозҳои чандинсолаи сокинони маҳаллӣ Фурудгоҳи Лиссабон парвозҳои шабонаро қатъ менамояд.

***

16-уми ноябри соли 2024 ширкати “ITA Airways” парвозро байни Рум ва Бангкок оғоз намуд.

***

Ширкати “Electra” лоиҳаи ҳавопаймои гибрид-барқии “EL-9 Ultra Short”-ро муаррифӣ намуд, ки ҳавопаймо метавонад нӯҳ мусофирро бо бағоҷ ё то 1360 кило бор дар масофаи 611 километр бо суръати крейсерӣ 324 километр дар як соат интиқол диҳад.

***

Ширкати давлатии “Nordic Aviation Group” (NAG)-и Эстония, ки ба он “Nordica” ва “Xfly” ширкатҳои ҳавопаймоӣ шомиланд, қатъ намудани фаъолият ва эълон намудани муфлисии худро пешбинӣ менамояд. Зеро ширкат натавонист сармоягузориро барои идома додани фаъолият ҷалб намояд.

***

Дар Федератсияи Россия барои ҳавопаймоҳо ва чархболҳо паноҳгоҳҳои зидди дрон таҳия гардид, ки имкони нигоҳдории ҳатто дронҳои хеле калонро низ дорост.

***

Мутахассисони “Росавиатсия” изҳор доштанд, ки қабл аз ифтитоҳи ҳаракати ҳавоӣ байни Федератсияи Россия ва шаҳрҳои Искандария ва Ал-Дабааи Миср санҷиши бехатарӣ дар фурудгоҳҳои маҳаллӣ зарур аст.

***

Бо иштироки беш аз 40 нафар намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия дар фурудгоҳи Колсово муаррифии хизматрасонии пайгирии бағоҷ “Ҷустуҷӯи бағоҷ” (BAGS поиск) баргузор шуд. Барномаи мазкур бағоҷро дар асоси технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) ба таври худкор коркард менамояд. Акнун маълумот оид ба бағоҷи талабнашуда ба системаи пайгирӣ дастӣ ворид намегардад. Бағоҷ дар истгоҳ ҷойгир карда мешавад, ки андоза, шакл, ранг, зарар ва дигар маълумотҳои заруриро таҳлил намуда, ба таври худкор парвандаи пурра ва дақиқро дар системаи пайгирии бағоҷ таҳия менамояд. Баъдан, бо истифода аз “BAGS поиск” корманд интиқоли бағоҷро ба соҳиби он амалӣ менамояд.

***

Ширкати “Royal Jordanian Airlines” парвози нави мустақимро байни Фурудгоҳи Байналмилалии Малика Алия (AMM)-и Аммон ва Фурудгоҳи Байналмилалии Даллес (IAD) -и Вашингтон аз 23-юми марти соли 2025 оғоз менамояд.

***

Ҳавопаймои бесарнишини Baykar TB3-и Туркия санҷиши бомуваффақият парвозу фурудро амалӣ намуд.

***

Марҳилаи навбатии корҳои сохтмону васл дар фурудгоҳи Тошканд оғоз гардид, ки анҷоми корҳо дар моҳи майи соли 2025 пешбинӣ мегардад.

***

Бо сабаби афзоиши тиҷорати боркашонӣ, ширкати “Etihad Airways” боз 3 адад ҳавопаймои боркашонии Airbus A350-ро фармоиш дод.

***

Аз  моҳи июли соли 2025 то 25-уми октябри соли 2025 ширкати “Turkish Airlines” шумораи парвозро аз фурудгоҳи Истамбул ба ИМА 170 парвози рекордии як самти мусофирбарро дар як ҳафта ба нақша гирифтааст, ки ба ҳисоби миёна 24 парвози рӯзонаро ташкил медиҳад.

***

Дар натиҷаи тавсеаи ҳамкории Бразилия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкати ҳавопаймосози “Embraer” фурӯшӣ бештари ҳавопаймоҳои худро ба Чин пешбинӣ менамояд.

***

Ширкати “Royal Jordanian Airlines” ифтитоҳи хатсайри нав ба Вашингтонро дар мавсими тобистони соли оянда пешбинӣ менамояд.

***

15-уми ноябри соли 2024 ширкати “China Southern Airlines” парвозро дар масири нав байни Гуанчжоу ва Ченгду Тянфу амалӣ намуд.

***

Дар доираи нақшаи худ оид ба барқарор ва идома додани фаъолияти доимиамалкунанда, ширкати “Congo Airways” аз “KlasJet” боз як ҳавопаймои B737-800-ро ба иҷора мегирад.

***

Аз 10-уми апрели соли 2025 ширкати “Fiji Airways” парвози мустақимро дар масири Нади, Фиҷиро ба Кейрнс, Австралия оғоз менамояд.

***

Ширкати “easyJet” тавсеаи хизматрасонии худро барои тобистони соли 2025 муаррифӣ намуд, ки 26 хатсайри нав, аз ҷумла парвози аввалини он ба Кейп Вердеро дар бар мегирад.

***

(Манбаъ: Air Astana, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines)

21 ноя
Вернуться назад