Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлоисияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Аз ин рӯ, дар таърихи 29 – уми октябри соли 2009 дар конфренсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – уми ноябр Рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд ва баъдан 3 – юми ноябри ҳамон сол бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар пешниҳод намуд, ки тавассути ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 дар рӯзи алоҳида таҷлили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳамасола рӯзи 24 ноябр дар кишвар чун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории миллӣ номдор буда, тӯли садсолаҳо тавонистаанд, ки бо таҷрибаи ғании давлатсозии худ империяҳои бузургу тавоноро пойбарҷо гузоранд.
То ба имрӯз дар таърихномаву ёддоштҳо дар баробари дигар аркони давлатдорӣ, инчунин баъзе рамзу нишонаҳои давлатдории миллати тамаддунсози тоҷик боқӣ мондаанд, ки ба сифати рукнҳои асосии давлатдорӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доранд.
Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки ҳокимону пешвоён барои ифодаи қудрати салтанати хеш рамзу нишон, ишораву аломат ва рангҳоро қабулу истифода намудаанд.
Парчам дар масири таърихи пуршебу фарози мо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҳамзамон як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад.
Муқаддас донистани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар давру замон онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ ба хотири муборза баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарӣ ва пирӯзии адолат баланд мебардорад. Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдори, шукуҳу ифтихор ва ифодагари нангу номуси ватандорӣ эътироф шудааст.
Бояд зикр кард, ки қадршиносӣ аз давлату парчам, ифтихор аз гузаштаву имрӯза ва фардои халқ аз ҷумлаи омилҳои муҳими таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбанд.
Боиси хушнудист, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Ва маҳз ҳамин эътиқоду завқи мардум коршиносон ва таърихнигоронро водор месозад, ки барои равшану возеҳ намудани суннати парчамсозиву парчам дорӣ ва барқарор кардани шаклу тарҳи парчамҳои қадима, инчунин омӯхтани суннати хоси парчамдории тоҷикон таҳқиқоти илмии хешро ҳар чӣ бештар густариш диҳанд.
Метавон ойини парчамдории тоҷиконро вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо ба чунин марҳалаву номҳо ҷудо намуд:
Дирафши империяи Ҳахоманишиён
Дирафши давлати Ашкониён
Дирафши давлати Сосониён
Дирафши давлати Сомониён
Дирафши сулолаи Ғуриён
Парчами Аморати Бухоро
Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавре ки болотар зикр шуд, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ аҷдоди мо ҳанӯз дар асрҳои III-II (3-2) пеш аз милод соҳиби рамзҳои «Меҳр» ё «Фарри ориёӣ» буданд, ки чун тимсоли замину хуршед, покиву озодагӣ ва нишонаи абадият ба чаҳор унсури ҳаёт - хок, об, оташ ва ҳаво ё ба асосҳои мавҷудияти олами ҳастӣ далолат мекарданд.
Доир ба муҳим будани суннати парчамдорӣ ва таваҷҷуҳи пешвоёни халқи мо ба он дар яке аз сарчашмаҳои боэътимоди таърихи миллатамон, яъне дар китоби «Авесто» аз номи Аҳурамаздо чунин ёд мешавад¹: «Чаҳорумин кишвари неке, ки ман Аҳурамаздо офаридам, Баҳдии зебои афроштадирафш буд (Вахõim sriram ərəößō drafša). Воқеан, дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ аз парафшонии доимии парчамҳои Балхи бостонӣ ёд мешавад.
Тибқи пажӯҳишҳои таърихиву бостоншиносӣ таърихи парчамдориву парчамбардории халқи мо ҳанӯз аз аҳди бостон, яъне аз давраи давлатдории сулолаҳои Пешдодиён ва Каёниён оғоз шудааст, ки ин далел худ аз суннати дирафшбардор будани тоҷикон башорат медиҳад.
Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён таъсис дода, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон додаанд, балки муаллифи аввалин парчамҳо ва яке аз нахустин парчамбардорон мебошанд.
Перомуни суннати парчамдории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон² чунин нигоштаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Айни замон аз рӯи устура ва минётураҳои бостонӣ баъзе шаклу сохти парчамҳо барқарор гардидаанд, ки дар ҳақиқат онҳо як ҷузъи ойини давлатдории тоҷикон буда, аз арҷ гузоштани аҷдоди мо ба ҳамаи парчамҳои гузаштагони худ шаҳодат медиҳанд.
Яке аз онҳо Дирафши ковиёнӣ - парчами дар таърих машҳуру номдор буда, нишонаи абадияти давлатдориву давлатсозии мардуми ориёист. Дирафши ковиёнӣ аз пӯст сохта шуда, дорои рангҳои сурх ва зарду бунафш буда, шакли чоркунҷа доштааст. Дирафши ковиёнӣ дар дарбори шоҳ ва мавзеи баланди берун аз иморат, ки дар он барои насби дирафш ҷойи махсус муқаррар шуда буд, афрохта мешудааст.
Баъзе таърихнигорон чунин ақида доранд, ки баъди пайдо шудани маҳбубияти мардум нисбат ба Дирафши ковиёнӣ замина ба миён омад, ки парчам ба рамзи пирӯзӣ ва давлатдорӣ табдил ёбад ва ҳар шахсе, ки ба қудрат «Шоҳнома» пеши назар меояд, ки он намунаи осори барҷастаи ватандӯстӣ ва тарғибгари некиву мардонагӣ мебошад. Аз оғоз то анҷоми ин асари безавол мо истилоҳи дирафшу аламро дучор меоем, ки аз парчамбардории коваи оҳангар ва дигар баҳодурони аҷдоди тамаддунофари тоҷик ёд мешавад:
Фурӯҳишт аз ӯ зарду сурху бунафш,
Ҳамехондаш ковиёни дирафш.
В-аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,
Ба шоҳӣ ба сар барнигоҳоди кулоҳ.
Бор он бебаҳо чарми оҳангарон,
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.
Зи дебои пурмояву парниён,
Бор он гуна гашт ахтари ковиён.
Баъд аз ғалабаи Кова Дирафши ковиёнӣ дар байни мардум азизу муътабар гардида, онро ҳангоми разму набардҳо пешопеши сипоҳ мебурданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Дирафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору ғурур ва маншаи пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст.
Фирдавсӣ дар «Достони Заҳҳок ва Коваи оҳангар» ҳикояти мазкурро чунин ифода намудааст:
...Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ў анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор дархост гард...
Биёмад ба даргоҳи солори нав,
Бидидандаш аз дуру бархост гав.
Чу он пӯст бар найза-бар дид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зарш бум.
Бигзар бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Батадриҷ шукуҳу шаҳомати Дирафши ковиёни афзун гардида, дар заминаи он парчам ба рамзи пирӯзӣ ва давлатдорӣ мубаддал гардид. Бо такя ба эътиқоду эътимод шоҳон то дараҷае Дирафши ковиёниро ороставу мунаққаш намуда, баланд афрохтанд, ки дар шаби тор чун хуршед медурахшид ва ба мардум фараҳу шодӣ эҳдо мекард.
Ба ин маънӣ боз ҳам Абулқосим Фирдавсӣ фармуда:
Аз ин пас ҳар он кас, ки бигрифт гох,
Ба шоҳӣ ба сар барниҳоди кулоҳ.
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.
Зи дебои пурмояву парниён,
Бар он гуна гашт ахтари ковиён.
Ки андар шаби тира хуршед буд,
Ҷаҳонро аз ӯ дил пурумед буд.
Ровиёни таърих бар онанд, ки Дирафши ковиёнӣ муддати тӯлонӣ мояи ифтихору ғурур ва ифодагари пирӯзиҳои ворисони Фаридун қарор гирифта, то замони суқути давлати Сосониён дирафши милливу давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
Сардори Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Ҳусниддин Холов
(Манбаъ: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон, соли 2010. «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон», Иброҳим Пирназарзода, Душанбе 2020)