DataLife Engine / ШИРКАТ ДАР ЧОРАБИНИИ БАХШИДА БА РУШДИ МЕТЕОРОЛОГИЯИ АВИАТСИОНӢ

ШИРКАТ ДАР ЧОРАБИНИИ БАХШИДА БА РУШДИ МЕТЕОРОЛОГИЯИ АВИАТСИОНӢ

Мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар Ҷаласаи навбатии муштараки гурӯҳи лоиҳавии ICAO оид ба татбиқи меъёр ва таҷрибаҳои тавсияшудаи ICAO дар Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ (PT/EAST 22 METG EASPG ICAO) ва гурӯҳи кории Ташкилоти байналмилалии метеорологӣ №4 “Таъминоти метеорологии авиатсияи гражданӣ”-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба гидрометеорологияи давлатҳои аъзои ИДМ (WG 4ICH CIS WMO), 25-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона оғоз гардид, ширкат доранд.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии “Қазаэронавигатсия” баргузор мегардад.

Дар ҷаласа беш аз 50 нафар мутахассисони соҳаи метеорологияи авиатсионӣ, ходимони илм, намояндагони корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Узбекистон ва Туркманистон ширкат доранд.

Таъкид ба ёдоварист, ки бо ибтикори директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода солҳои охир таҷҳизотҳои метеорологии замонавӣ дастрас ва таҷдид гардида, сатҳу сифати хизматрасонии метеорологии авиатсионӣ дар ҳудуди кишвар беҳтар гардид. Ҳамзамон ба баланд бардоштани малакаи тахассусии мутахассисон диққати ҷиддӣ дода шуда, ширкати онҳо дар омӯзишҳои касбӣ таъмин мегардад. 

Дар ҷаласа дар чаҳорчӯбаи дурнамои рушди метеорологияи авиатсиони дар минтақа беш аз 30 гузориш пешниҳод мегардад. Намояндаи “Austria control”, муовини раиси DMG (Date Management Group) Майкл Пичлер бо иштирокчиёни вохӯрӣ натиҷаҳои мониторинг оид ба идоракунӣ, коркарди иттилоотро мубодила намуда, роҳи ҳалли фаъолиятро бо маълумоти OPMET (Operational Meteorological Data) барои татбиқи SWIM пешниҳод намуд.

Ҷаласа кори худро то санаи 27-уми ноябри соли 2024 идома медиҳад.

   

                                                                                     Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

26 ноя
Вернуться назад