28-уми ноябри соли 2024 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар якҷоягӣ бо ширкати Fly.Tj парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа шурӯъ намуд, хабар медиҳад КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.
Хатсайри мазкур ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такон бахшида, ҳамкориҳои фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва сайёҳиро таҳким хоҳад дод. Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд.
Вақти парвоз аз Душанбе 09:00, аз Давҳа – 12:20 муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”