Санаи 28 ноябри соли 2024 дар толори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким ҷаласа баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсат, шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентӣ, намояндагони корхонаҳои авиатсионии кишвар иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ рафти иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин хусус КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки ҳар як корманд бояд бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фарогир аст, мубориза бурда, дар иҷрои вазифаҳои худ содиқонаю софдилона хизмат намоянд. Ҳадаф аз ин вохӯрӣ пешгирии омилҳои коррупсионӣ буда, дар ҳар як маҷлису вохурӣ оид ба ин масъалаи доғи рӯз нисбати фаъолияти кормандони Агентӣ ва корхонаҳои зерсохтор ҳатман таъкиду дастурҳо дода мешаванд. Дар асоси ин гуфтаҳо бо пешниҳоди агентӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳҳои кишвар ба имзо расид, ки иҷрои қарори мазкур ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бандҳои дахлдори стратегияи мазкур суханронӣ намуда, аз ҷумла, оид ба беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои идоравӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, махсусан, гирифтани пораю туҳфа, сӯистифода аз мансаб, ғайримақсаднок истифода бурдани ашёи корӣ, пардохти андози давлатӣ, иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар иҷрои барномаю қонунҳои қабулшуда ва мувофиқи ихтисос қабули дурусти кадрҳо ибрози андеша намуданд.
Дар ин раванд боиси ёдоварист, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати татбиқи стратегияи мазкур чораҳои саривақтӣ амалӣ намуда, мунтазам бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ва вохӯриҳоро бо ҳайати кормандони корхона баргузор менамоянд. Ҳамзамон илова ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби ба симои коргоҳ доғдоркунандаро низ пайваста роҳандозӣ менамояд.
Дар охир ба намояндагони корхонаҳои авиатсионии кишвар дастур дода шуд, ки бо иштироки коллективҳои меҳнатӣ ҷиҳати мавзӯи болозикр ҷамъомад гузаронида, моҳияти он ба кормандон расонида шавад.