ҲАМКОРОН ВА ҲАМКАСБОНИ ГИРОМӢ!
Иҷозат фармоед шахсан аз номи худам ва аз номи тамоми кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамаи шумо, кормандони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният намуда, барояи ҳар якатон рӯзгори хушу хурсанд, дасторхони пурнозу неъмат, фарзандони қадрдону қадршинос ва саломатии бардавом таманно намоям!
Бигзор бо ин идҳои бошукӯҳ барои корхонаҳоямон парвозҳои зиёди арзон, хату долон ва самтҳои нав ба нав ба вуҷуд омада, имконотамонро зиёд карда, шароити иқтисодиву иҷтимоиамонро боло барад, зеро тамоми кӯшишу заҳматҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ин равона шуда, бо дастгириву пайгирии мардуми шарафманди Тоҷикистон, зина ба зина ҷомаи амал пӯшида истодааст.
Таманно дорам, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша осмони сулҳпарвари беғубор ва дар хонаи ҳар яки мо хандаи кӯдакон баланд бошад!
Умед дорам муваффақияту зафарҳои мову шумо боиси вусъати нуфуз ва рушди бобарори кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ гардида ифтихори ворисонамон бошад ва обурӯ ва мақому манзалати Ватани азизамонро боло барад!
Идатон муборак, ҳамкорон ва ҳамкасбони гиромӣ!
Бо самимият,
Директори генералӣ Л.Б.Ашуров