Аз 25-ум то 27-уми ноябри соли 2024 Ҷаласаи навбатии муштараки гурӯҳи лоиҳавии ICAO оид ба татбиқи меъёр ва таҷрибаҳои тавсияшудаи ICAO дар Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ (PT/EAST 22 METG EASPG ICAO) ва гурӯҳи кории Ташкилоти байналмилалии метеорологӣ №4 “Таъминоти метеорологии авиатсияи гражданӣ”-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба гидрометеорологияи давлатҳои аъзои ИДМ (WG 4ICH CIS WMO) дар шаҳри Остона баргузор гардид. Кори ҷаласаро мутахассисони Маркази авиатсионии метеорологӣ, Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва Шуъбаи технологияҳои иттилоотии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамроҳӣ намуданд.
Дар чорабини оид ба фаъолияти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар ҳамоҳанг бо ICAO ва таъмини хизматрасонии метеорологии авиатсионӣ дар кишварҳои ширкаткунанда мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон кишварҳои иштирокчии гурӯҳи кории ИДМ (WG-4) гузоришҳо доир ба ҳолат ва рушди таъминоти метеорологии авиатсияи гражданӣ дар давраи байнимавсимии солҳои 2023-2024 маърӯза пешниҳод намуданд.
Масъалаҳои муҳим ин марбут ба гузариши табодули байналмилалии иттилооти метеорологӣ дар формати IWXXM, маълумот дар бораи ҳамоҳангсозии SIGMET миёни Мақомоти назорати метеорологии давлатҳои ҳамсарҳади гурӯҳи кории №4, омӯзиши мунтазами мутахассисони метеорологии авиатсионӣ ва баҳодиҳии салоҳияти коркунони метеорологии авиатсионӣ мувофиқи меъёрҳои Созмони ҷаҳонии метеорологӣ баррасӣ гардиданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва таҳким бахшидан ба малакаи дониши мутахассисон бо ибтикор ва ташаббуси директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода, ҳамкориҳои самарабахш миёни корхонаю истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ пайваста ба роҳ монда мешавад. Натиҷаи чунин дастгириҳо аст, ки имрӯзҳо таҷҳизоти замонавии метеорологӣ дар корхона ва филилаҳои он давра ба давра таҷдид гардида, сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ беҳтар гардидааст.
Ёдовар бояд шуд, ки дар кори ҷаласаи PT/EAST 22 METG EASPG ICAO ва WG 4ICH CIS WMO мутахассисони соҳа аз 9 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Иштирок дар ин ҷаласа барои мутахассисон имконияти хуби табодули таҷрибаро фароҳам оварда, ҳамзамон ба фаъолияти онҳо инчунин ҳолат ва рушди таъминоти метеорологии аэронавигатсионӣ дар оянда заминаи мусоид фароҳам месозад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”