DataLife Engine / “ҶАШНИ МЕҲРГОН” РАСМАН БА ФЕҲРИСТИ РЕПРЕЗЕНТАТИВИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ ВОРИД ГАРДИД

“ҶАШНИ МЕҲРГОН” РАСМАН БА ФЕҲРИСТИ РЕПРЕЗЕНТАТИВИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ ВОРИД ГАРДИД

Бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни суннатии мо – “Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ телефонӣ хабар дод.

Дар хабари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) гуфта мешавад, ки 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои парвандаи “Ҷашни Меҳргон” олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд.

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад.

Ҳамчунин имрӯз дигар номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, Эрон ва Узбекистон “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (“Art of crafting and playing rubab/rabab”) расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд.

   
5 дек
Вернуться назад