DataLife Engine / ҲАШТОД СОЛИ ҲАМКОРӢ, РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ АВИАТСИЯ ДАР ҶАҲОН

ҲАШТОД СОЛИ ҲАМКОРӢ, РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ АВИАТСИЯ ДАР ҶАҲОН

Имрӯз соҳаи авиатсияи ҷаҳонӣ 80-солагии Конвенсияи Чикаго, чаҳорчӯбаи бунёдгузори авиатсияи байналмилалии шаҳрвандӣ ва таъсиси Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO)-ро бо ифтихор таҷлил менамояд. 7 декабри соли 1944 Конвенсия оид ба авиатсияи байналмилалии гражданӣ аз ҷониби 54 кишвари ҷаҳон таҳия шуда, бо мақсади мусоидат ба ҳамкорӣ ва “ба вуҷуд овардан ва нигоҳ доштани дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон” таъсис дода шуд. Ин созишномаи муҳим, ки имрӯз бештар бо номи “Конвенсияи Чикаго” маъруф аст, принсипҳои асосии танзими парвозҳои байналмилалии ҳавоиро муқаррар намуда, боиси таъсиси агентии махсусгардонидашуда – Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) гардид, ки аз он вақт инҷониб онҳоро назорат мекунад.

Ҳамзамон ICAO ба кишварҳои олам дар ноил шудан ба дараҷаи максималии баробарии қоидаҳо, меъёрҳо, расмиёти авиатсияи гражданӣ мусоидат менамояд. Имрӯз авиатсия ба як муҳаррики муҳими рушди ҷаҳонӣ, тиҷорат, шукуфоӣ ва табодули фарҳангӣ табдил гардида, авиатсияи байналмилалии гражданӣ дастрасиро ба самтҳои бештар бо ҳавопаймоҳои бехатар ва устувор боз намуд. Имрӯз нақлиёти ҳавоӣ 5 миллиард мусофирро, 33% тиҷорати ҷаҳонӣ аз рӯи арзиш ва 58% сайёҳони ҷаҳонро  бо 67,300 хатсайр тавассути 4,072 фурудгоҳ мепайвандад. Бахши мухталифи тиҷорат ва авиатсияи умумӣ дастрасиро ба минтақаҳои дастнораси ҷуғрофӣ васеъ намуда, имкони дастрасии хизматрасонии ҳаётан муҳим ба монанди ҷустуҷӯ ва наҷот, ёрии таъҷилии ҳавоӣ ва рафъи офатҳои табииро фароҳам овард.

Ҳадфаҳои асосии имрӯзаи ICAO ба таъмини бехатарии парвозҳо, алоқаӣ байналмилалӣ, устуворӣ ва инноватсия дар соҳа ва рушди иқтисод ва иҷтимоӣ равона гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз 6-уми апрели соли 1999 ба Конвенсияи Чикаго ҳамроҳ шуда, бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста рушд меёбад. Дар доираи ин ғамхориву дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 28 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст,ки чораҳои саривақти доир ба васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо амалӣ гардида истодаанд. Ҳамзамон иншоотҳои наву завмонавии соҳа сохта ба истифода дода шуда, иншоотҳои куҳна навсозӣ мегарданд.

Зикр бояд намуд, ки роҳандозии ин иқдомҳо ва рушди авиатсияи граджанӣ, уҳдадориҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд зиён менамояд. Ин аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, бехатарии парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ки ҳарими ҳавоии Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ менамояд ва мусоидат дар ифтитоҳи долонҳои нав бо ибтикори директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода  дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар самаранок истифода гардида истодаанд. Инчунин роҳбарияти корхона диққати ҷиддиро ба таҷдиди таҷҳизоти аэронавигатсионӣ, такмили ихтисоси кормандон, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус, бозомӯзии мутахассисони соҳа дар хориҷи кишвар равона менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки роҳандозии тадбирҳои саривақтии роҳбари корхона, баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ боиси он гардид,ки фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз ҷониби директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ICAO  Николас Рало ҳангоми шинос гардидан бо фаъолияти корхона баҳои баланд дода шуд. Арзёбии мазкур мавқеи рушдёфтаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро дар минтақа таъкид менамояд.

 

Маркази матбуоти  КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

6 дек
Вернуться назад