DataLife Engine / ОҒОЗИ ҲАМКОРИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БО ШИРКАТИ “ELIF TRADING CO. LIMITED”

ОҒОЗИ ҲАМКОРИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БО ШИРКАТИ “ELIF TRADING CO. LIMITED”

Аз 10-ум то 13-уми декабри соли равон, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, коршиносони ширкати “ELIF TRADING CO. LIMITED”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ташриф оварданд.

Ҳангоми боздид намудани нуқтаҳои кории танзимгарӣ ва иштироки бевосита дар иҷроиши парвозҳо, коршиносон тибқи нақшаи пешбинишуда, ҳисоб намудани иқтидори интиқоли бахшҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (пропускная способность секторов ОВД) бо шароитҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, тарҳрезии фазои ҳавоӣ, миқдори роҳҳои ҳавоӣ ва хусусиятҳои онҳо, хусусиятҳои иҷроиши муқаррароти парвозҳо (SID/STAR), муқаррароти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, хусусиятҳои бо масофа ҷудо намудани ҳавопаймоҳо ва хусусиятҳои ҳамкорӣ бо хадамотҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд, ки омилҳои асосии муайянкунандаи қобилияти хидматрасонии шумораи муайяни ҳавопаймоҳо дар як соат аз ҷониби танзимгарон ба шумор мераванд.

Бояд қайд намуд, ки баҳри пурра ва дуруст амалӣ намудани нақшаи тасдиқгардида, гуфтушунидҳои ҷудогона, вобаста ба дақиқ намудани баъзе ҳолатҳои истеҳсолоти парвозҳо ва усули муайян намудани таваққуфгоҳҳои ҳавопаймоҳо, бо шахси масъули фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин бо сардорони маркази танзими аэродромии филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, ва танзимгари калони МТА-и филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуданд.

Қобили зикр аст, ки баҳри дақиқ намудани иқтидори интиқоли фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама баҳри муайян ва дар ҳолати зарурӣ зиёд намудани тавоноии бахшҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар корхона, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ташаббусҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

       
   Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” 
16 дек
Вернуться назад