DataLife Engine / ТУМАНҲО ДАР САТҲИ ЗИЧИИ ПАСТИ ЗАМИН ПАДИД МЕОЯНД

ТУМАНҲО ДАР САТҲИ ЗИЧИИ ПАСТИ ЗАМИН ПАДИД МЕОЯНД

Обу ҳавои номусоид дар фасли зимистон як ҳолати муқаррӣ буда, таъсири манфии худро ба фаъолияти авиатсия мегузорад. Тумане, ки 23-юми декабри соли 2024 фазои кишварро фаро гирифт, боиси халалдор ва лағви як зумра парвозҳо гардид.

Тибқи маълумотҳои мутахассисони Маркази авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тумане, ки имрӯзҳо фазои кишварро фаро гирифтааст, тумани дохили оммавии навъи радиатсионӣ тасниф карда мешавад. Туманҳои радиатсионӣ дар натиҷаи хунук шудани сатҳи замин ва сард шудани ҳавои намнок ба вуҷуд меоянд. Ин навъи туман дар шабҳои софу ором, ки шамол аз сатҳи намии замин на бештар аз 1-3 м/с мевазад, пайдо мешавад. Ғафсии амудии чунин туманҳо аз 100 то 200 метрро ташкил медиҳад.

Барои авиатсия ин туманҳо хавфноканд, зеро ба воситаи онҳо замин баръало гӯё намоён аст, вале дар хати парвоз таассуроти бардурӯғи аёнияти уфуқиро нишон медиҳад, ки дар сурати фуруд омадан сарнишинонро зарур аст, қабл аз нишаст маълумоти дақиқтаринро дар бораи муайянии дурусти дидани сатҳи замин дошта бошанд. Ҳангоми парвози киштиҳои ҳавоӣ аз болои қабати тумани радиатсионӣ мушкили вуҷуд надорад, зеро одатан дар ин қисмат абрҳо барои парвозҳои ҳавопаймоҳо мушкили эҷод намекунад. Баробари гарм шудани сатҳи замин, яъне баланд шудани ҳарорат ва ё бо қувваи шамоли шимолу ғарбӣ туманҳои назди замин пароканда мешаванд.

Тибқи ҳисоботи маркази мазкур дар панҷ соли охир, ҳолатҳои ба вуҷуд омадани максималии туман дар соли 2020, 48 рӯзро ташкил дода буд. Дар давоми соли ҷорӣ фаромадани туман ва давомнокии онро мутахассисон тибқи мушоҳидаҳои худ, ба 35 рӯз муайян намудаанд, ки ҳадди бештари туман дар моҳи декабр буда, давомнокии он 13 рӯзро дар бар мегирад.

Дар чунин ҳолати обу ҳаво аз мутахассисони метеорологӣ ва танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ донишу малакаи баландӣ касбӣ, чусту чалокӣ ва зиракӣ талаб карда мешавад. Дар ин замина боиси ёдоварист, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз ҷониби роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар корхона ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб таҷҳизоти замонавии метеорологӣ дастрас гардида, таҷдиди таҷҳизоти соҳавӣ роҳандозӣ мегардад. Илова бар ин, такмили ихтисоси метеорологҳо низ таҳти диққати ҷиддии роҳбарияти корхона қарор дорад.

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

24 дек
Вернуться назад