Ҳамкасбон ва кормандони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2025 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Соли сипаришудаи 2024, дар таърихи миллати тоҷик соли шукуфоӣ ва ноил гаштани комёбиҳову муваффақиятҳои бемисл буд. Дар чунин таҳаввулоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ тамоми сохторҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ бенатиҷа намонданд ва бо иҷрои корҳои зиёди ободкорӣ анҷом ёфтанд, ки боиси нуфузу эҳтироми ҳар як корманди ин коргоҳи шарафманди стратегии кишвар дар назди халқу давлат мебошад.
Моро зарур аст дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда низ ба хотири иҷрои амру дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъйу талош намоем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар яки шумо аввалан, соли сулҳу оромӣ буда, бо пайки фарорасиаш ба таҷалии хуршеди орзуҳоҳоятон, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навинро идомаи сол насибатон гардонад.
Бале, тамоми марому талоши ҳамаи мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон буда, минбаъд низ чунин фидокориҳоро баҳри шинохту пешрафти давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон равона хоҳем кард.
Бо амалӣ гардидани чунин нияту орзуҳои некамон ва иҷрои нақшаҳои дар пешистода бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2025 самимона табрик гуфта, ба хонадонатон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи нек ва суруру шодкомиҳои ҳамешагиро таманно менамоям.
Соли наватон муборак бошад!