DataLife Engine / ПАЁМ - РАҲНАМОИ МО!

ПАЁМ - РАҲНАМОИ МО!

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти иҷрои масъалаҳои дар пеш гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 2024 дар тамоми сохторҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тамошои дастаҷамъонаи ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чунин як чорабинии сиёсӣ, ки самтҳои асосии сиёсати давлат дар марҳилаи кунунӣ ва дурнамо матраҳ мегардад, ҳама ҳайати корӣ ва роҳбарикунандаи корхона иштироки фаъолона намуданд, ки эътимод аз боварии онҳо ба ояндаи неку боварибахши роҳбарикунандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои наву зебои Парлумони кишвар доир гардид, роҳбари давлат оид ба пешбурди самаранокии сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон қайд намуданд, ки соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд, ки он ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст. Инчунин дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмӯъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуда, сатҳи баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард, ки дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардида, бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт  ва  ҳамзамон мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот солҳои 2025 – 2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карданд. Дар амалӣ намудани ин  пешниҳод вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки тасдиқи нақша, барномаҳои таълимӣ, санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор омода намоянд ва ҳамчунин дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ, равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозиро ҷорӣ карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ дар кишвар масъалаи дигари муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайём матраҳ намуданд, ин фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ буда, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи чунин дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди корхонаҳои зиёди гуногуни истеҳсоли ашёи ниёзи мардум ва иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат ёфта, ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон ташкил карда шуданд.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди “энергияи сабз” мунтазам чораҷӯйии Ҳукумати мамлакатро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд  карда ишора бар он намуданд, ки барои рафъи норасоии барқ дар солҳои оянда ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум”, “Себзор” ва бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои зиёди таҷдидию бунёдӣ харҷ гардидааст, ки ҳамаи чунин муқаррарот ва ғамхориҳо ба беҳтар гардидани шароити зисту зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст.

Барои дар амал татбиқ намудани пешниҳодоти дар Пайём ироанамудаи Роҳбари давлат, ҳайати роҳбарикунанда ва тамоми кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз масъулияти дар зиммадоштаи худ васеъ истифода намуда, иҷрои вазифаҳои ба миёнгузошташударо яке масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳавӣ мешуморанд ва омодаанд ҳамеша дар ободии Ватан саҳмгузор бошанд. 

         

                                                                           Сармутахассиси Маркази матбуот      Боязитов Ф.А                                                     2025 с

3 янв
Вернуться назад