Дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» 06.01.22 мачлиси ҳисоботи оид ба натиҷаҳои фаъолияти корхона дар соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони ҷузъу томҳо ва намояндагони сохторҳо иштирок намуданд.
Дар ҳисобот, ки аз тарафи муовини аввали ДГ Шодмонбекзода ироа гардид, таъкид шуд, ки колленктиви корхона ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти иқтисодӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии пешбинигардида, вазифаю ӯҳдадориҳои тибқи Низомнома ба зиммааш гузошташударо мутобиқ ба қонунгузории ҷумҳурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, Қоидаҳои умумии авиатсионӣ ва Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва Оинномаи корхона дар амал татбиқ намуд. Натиҷаҳои иҷроиши барномаи истеҳсолии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2021 пурра баҳри таъмини бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавопаймоӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда буд.
Ҳамчунин, дар самти татбиқу иҷроиши ин ҳадафҳо, яъне таъмини бехатарии парвоз, аз ҷониби роҳбарони сохторҳои таркибии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» пайваста корҳои мунтазами методӣ оид ба пешгирии вайронкунии талаботҳои ҳуҷҷату асноди идории роҳбарикунандаву технологӣ ва интизоми меҳнат гузаронида мешавад. Мунтазам нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорнамоии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва ғайра боздид ва такмил дода мешаванд.
Корхона дар соли сипаришуда, но вобаста ба мушкилиҳои маълум, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, тамоми ӯҳдадориҳояшро сарбаландона иҷро намуд.