Роҳбарият ва кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тамоми нуқтаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”, ки рӯзи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз пазируфта, донишу малакаи касбии хешро баҳри дар амал татбиқ шудани ин дастури роҳнамо равона месозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди фаъолият ва дурнамои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, доир ба рушди минбаъдаи онҳо вобаста ба талаботи замони муосир ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди минбаъдаи технологияи рақами диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудаанд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт замина мегузорад. Бо ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тасдиқ гардидааст. Ҳадафи асосии Стратегия ин таъмини соҳаҳо бо технологияҳои рақамии иттилоотию комуникатсионии пешрафта мебошад. Дар Стратегияи мазкур барои рушди иқтисоди рақамӣ чунин қайд гардидааст:
Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт муайян карда шуд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва сабз, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд.
Тоҷикистон бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ ба амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва дигар афзалиятҳои миллӣ ноил гардида, дар ин асно ба қатори кишварҳои пешқадам ворид мегардад.
Албатта, ин ибтикори навбатии Сарвари давлат саривақтӣ буда, ба манфиати ҷомеа аст, зеро дар замони муосир, ки истифода аз навгониҳои технологияҳои рақами бо суръати баланд пеш меравад, мо низ бояд ҳамкадами замон бошем то аз рушди минбаъдаи инноватсиони дур намонем.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ҳамчунин ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Бо ин мақсад, ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарбияи мутахассисон дар самти муҳими иқтисоди миллӣ таъкид намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар робита ба ин, аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад.
Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои марбута вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Дар баробари ин, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шуд.
Зимни ироаи ин хуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз Пешвои миллат рақамикунонии тамоми соҳаҳои хизматрасониро барои баланд бардоштани иқтисоди миллӣ зарур шумориданд. Дар ин замина ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дастур дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Албатта, иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳама дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи Паёми мазкур аз чониби Асосгузори сулҳу вахдати милли -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, аз ҳар як нафар шаҳрванди мамлакат, новобаста ба вазифаву мартаба масъуляти бештарро тақозо мекунад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем рушди иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намуда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари рӯ ба пешрафту тараққиёт дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.
Ҳусниддин Холов,
сардори Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
Сарчашмаҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон//Захираи электронӣ https://president.tj/
Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040//Захираи электронӣ http://www.portali-huquqi.tj/publicria/ibtido.php