Фаромӯш гардидани бағоҷ дар фурудгоҳ ҳолати маъмулӣ мебошад, аз ҷумла мусофир метавонад ҳангоми харидорӣ дар мағозаҳои Duty Free, дар қаҳвахона ва ҳангоми ҳолати хотирпарешонӣ бағоҷи худро фаромӯш намояд. Дар ҳолати пайдо гардидани бағоҷи фаромӯшшуда, фурудгоҳ маҷбур мешавад, ки тартиби махсуси бехатариро оғоз намояд.
Сараввал корманди махсуси фурудгоҳ тавассути балангӯяк оид ба дарёфти бағоҷ эълонро такрор намуда, мунтазам ба мусофирон хотиррасон менамояд, ки чизу чораи худро бе назорат нагузоранд.
Сипас кормандони махсуси бехатарӣ наворҳои камераҳои назоратиро тафтиш менамоянд. Баъзан ин барои пайдо намудани соҳиби бағоҷ ва баргардонидани ашёи фаромӯшшуда ба онҳо кӯмак мерасонад.
Агар камераҳо барои пайдо намудани мусофир кӯмак накунанд, он гоҳ ашёҳо барои мавҷудияти моддаҳои хатарнок санҷида шуда, пас он ба шуъбаи бағоҷи гумшудаи “Lost&Found” интиқол дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар баъзе фурудгоҳҳо метавонанд барои ҳар як рӯзи нигаҳдории бағоҷ маблағе бояд пардохт намуд.
Агар мусофир дар муҳлати муайян бағоҷи худро дарёфт нанамояд, сипас бағоҷ ба расмиёти нобудсозӣ (утилизация) ирсол мегардад. Муддати муайяни нигоҳдории бағоҷ дар ҳар фурудгоҳ гуногун буда, дар аксар вақт бағоҷи дарёфтшуда муддати 6 моҳ нигоҳ дошта мешавад.
Баргардонидани чунин бағоҷ аксар вақт ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва шаҳодатнома сурат мегирад.