Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА (FAA) дастурамали нав оид ба қобилияти парвоз (AD)-ро нашр намуд, ки аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ санҷиши чархҳои қисми қафои ҳавопаймои Boeing 767-ро талаб менамояд. Татбиқи талаботи нав аз 12-уми феврали соли 2025 оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад “Simple Flying”.
Талаботи мазкур бо зарари эҳтимолии гармии дастгоҳи асосии фуруд (MLG) алоқаманд мебошад, ки метавонад ба вайроншавии сохторӣ ҳангоми фуруд оварда расонад.
Пас аз гирифтани аввалин огоҳинома “Alert Requirements Bulletin” ширкатҳое, ки ҳавопаймои Boeing 767-ро истифода мебаранд, барои анҷом додани санҷишҳо 30 моҳ вақт доранд. Онҳо бояд махсусан силиндрҳои фишанги асосии берунии чап ва ростро барои рақамҳои силсилавии муайян санҷанд, ки эҳтимолан ба осеби гармӣ осебпазиранд. Муҳлати иваз намудани ин силиндрҳо аз 30 то 130 моҳ пас аз нашри огоҳинома мебошад.
Тибқи иттилои “Planespotters.net” айни замон ширкати “Delta Air Lines” 39 адад ҳавопаймои B767-300 ва ширкати “United Airlines” 35 адад ҳавопаймои B767-300-ро идора менамоянд. Вобаста ба боркашонии ҳавоӣ ширкати “UPS” 89 адад ҳавопаймои B767-300, “FedEx Express” 141 адад ҳавопаймои B767-300 ва ширкати “Amazon Prime Air” 52 адад ҳавопаймои B767-300F-ро идора мекунад.
Ҳадафи FAA аз ин фармон бартараф кардани ҳама гуна осеби гармӣ ба силиндраи берунии қисми қафои ҳавопаймо мебошад, ки метавонад ба нокомии узви асосии сохторӣ дар нигоҳдории сарборӣ, нокомии шасси оварда равонад. Ҳолати мазкур метавонад боиси аз даст додани идоракунии ҳавопаймо ва эҳтимоли аз хати парвозу фуруд баромадани ҳавопаймо гардад.