Ҳамкорони гиромӣ!
Бо камоли посдорӣ Шуморо ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ, ки ҳофизони Ватанро сано мехонанд, аз сидқи дил табрик менамоям, зеро ҳар яки Шумо дар ҷойи худ кӯшишу ғайрат ва маҳорату малакаатонро баҳри ҳифозату равнақи имконоти қудратии Тоҷикистони азиз сафарбар карда, меваҳои Истиқлолро қавитар месозед.
Таҷлили ин иди барои ҳар шаҳрванди номуси миллидошта шарафу ифтихор буда, аз муҳаббату садоқати ӯ баъмеҳани азизаш далолат мекунад. Ва бесабаб ҳам нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки поягузори Артиши миллии Тоҷикистонанд, пайваста аз пуштибонӣ, ҳимоят ва тавомнанд гардонидани он, ҳомии марзу бум ва осоиши мардум будани он сухан мекунанд ва дар сафҳои он сар ба фармони Ватан буданро бузургтарин ифтихори инсонӣ медонанд.
Ҳамкорони гиромӣ, бори дигар бароятон барору комёбӣ, суботи комили сулҳу ватандориро таманно дорам.
Иди бузурги ҳомиёни кишвар муборак бод, ҳамкорони иззатманд.
Бо эҳтиром,
Директори генералӣ
Л.Б.Ашуров