Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст, қайд намуданд роҳбари ғамхори миллат. Ҳамзамон илова намуданд, ки соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти судманд дар ин самт Вазорати нақлиёт вазифадор гардид, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда шуда, илова бар ин дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам аз ҷониби ҳукумати кишвар бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Бо супориши Роҳбари давлат ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, инчунин тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда гардид.
Рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа, одобу ахлоқ ва эҳтиром миёни якдигар такони бузург бахшида ҳастии халқ аз он манша мегирад.
Ҳамин нуқтаро ба инобат гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб қайд кардаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст” ва дар даврони 33 соли истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд ва ба тарбияи маънавии ҷомеа бахусус ҷавонону наврасон таъсири мусбӣ гузошта истодаанд.
Барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ ва ғамхориҳои ҳамешагӣ роҳандозӣ шуда, дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ, илова бар таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Ҷавонон, имрӯз қишри фаъоли ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буда маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт ва дар қалби онҳо ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, пос доштани забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, вазифаи муқаддасу бузурги ҳар як шахси соҳибхирад аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани нақш ва мавқеи ин ниҳоди ҷомеаро вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат шуморида ифтихор аз онҳо менамоянд, ки имрӯз Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд ва бо иродаи мустаҳкам сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо эҳсоси худшиносӣ ва муҳаббати самимӣ дастгирӣ мекунанд. Ҳамин нуқтаҳоро ба инобат гирифта ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш барои наврасону ҷавонон бунёд карда шуд, ки дар муқоиса ба 70 соли сипаригашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ироаи Пайёми худ баён намуданд, “Дар фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик иззату эҳтироми зан - модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.
Бале, агар имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ мо мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳоро ба солҳои қабл аз истиқлоли давлатӣ муқоиса кунем, тафовут хеле зиёд аст. Яъне маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ эътибори зан дар ҷомеа боло рафтааст, ки феълан як қисми бештари хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, кормандони соҳаи тиб, кормандони соҳаи фарҳанг, олимон ва соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Пас маълум мегардад, ки Ҳукумати мамлакат ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди қавӣ дошта, пайваста дастгирии онҳоро низ дар ҳама самтҳо идома медиҳад.
Масъалаҳои дигаре, ки дар хотимаи ироаи Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди гуфтор ба ҳозирин қарор гирифт, ин ҳамкориҳои созанда ва иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ инчунин масъалаҳои умдаи аҳли башар буд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистонро зарур аст зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талоши худро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот тақвият дода, бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар, ки дар сиёсати хориҷии давлат роҳандозӣ гардидаанд, иштироки фаъол намояд.
Ба андешаи роҳбари давлат, кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд минбаъд низ бештар месозад.
Дар воқеъ бо ифтихору қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки барои амалӣ сохтани нияту маром ва мақсади неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон гуфта шуд, моро зарур аст заҳмати аҳлона ва содиқонаро пешаи аслии худ қарор дода дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми имкониятҳои худ истифода намоем, то тавонем ҳамчун як шаҳрванд дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон саҳмгузор бошем.
Сармутахассиси Маркази матбуот Боязитов Ф.А