DataLife Engine / ТАЪМИНОТИ СУДМАНДИ РАДИОТЕХНИКИИ ПАРВОЗҲО ВА АЛОҚАИ БАРҚИИ АВИАТСИОНӢ

ТАЪМИНОТИ СУДМАНДИ РАДИОТЕХНИКИИ ПАРВОЗҲО ВА АЛОҚАИ БАРҚИИ АВИАТСИОНӢ

          Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” яке аз бахшҳои фаъоли имрӯзаи корхона ба шумор рафта, дар самти таъмини бехатарии алоқаи парвозҳо нақши сазовор дорад. Кормандони ин ниҳод пайваста фаъолияти таъмини радиотехникии густурдаро оид ба парвозҳои босуботи ҳамешагии дохиливу хориҷӣ  ба роҳ монда, инчунин алоқаи барқии авиатсиониро низ ба низом медароранд.

         Дар ин хусус суҳбате дорем бо сардори Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ Ашраф Зайдуллоев

Соле, ки сипарӣ шуд барои Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ чӣ натиҷа дода тавонист? 

        Бояд ёдовар шавем, ки Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои  директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон чунин корҳои зиёди техникию алоқавиро дар якҷоягӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ба анҷом расониданд.

Ташкил ва тамдиди иҷозатномаҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: истифода ва тамдиди низоми МЛАТ-и ҷанубӣ, бақайдгирии  давлатӣ ва ба роҳмонда шудани ҳавопаймои бесарнишини навъи DJI Mavic 3 PRO CINE барои муоинаи фосилавии ҳолати техникии антеннаҳо, муҳлати истифодабарӣ ва тамдиди шаҳодатномаҳои радиолокаторҳои ВРЛ “Корень-АС” ва “Экран-85”, ТК ва муҳлати истифодабарии шаҳодатномаи низоми МЛАТ Хуҷанд то муҳлатҳои қароргардида тамдид карда шуданд.

Тавре маълум аст, барои рушди соҳа ва иҷрои корҳои марбути  Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ, мутахассисони мақомдори касбӣ зарур мебошад.  Дар ин самт чӣ гуна тадбирҳоро амалӣ  менамоед?

      Гуфтан ба маврид аст, ки  бозомӯзии касбии мутахассисони раёсат аз ҷониби роҳбарияти корхона бахусус директори генералӣ Лоиқ Бегиҷонзода, доимо дар мадди назари аввал қарор дошта, 13 нафар аз ҷумла: 2 муҳандис ва 3 корманди техникӣ ҷиҳати такмил додани ихтисос ба якчанд курсҳои кутоҳмуддат ба хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Ҷопон, шаҳри Санкт - Петербурги  Федератсияи Россия равона карда шуда, дараҷаи тахассусиашонро баланд бардоштанд ва чанд нафари дигар дар курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ дар кумитаву идора ва баъзе муассисаҳои таълимии дорои маълумоти миёна ва олии кишвар фаро гирифта шуданд.

Анҷоми корҳои мавсимӣ дар Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ, ки имрӯз роҳбарии онро Шумо иҷрои вазифа мекунед, чӣ тавр ҷамъбаст гардид? 

    Амалӣ намудани корҳои мавсимӣ яке вазифаҳои муҳиму зарурии раёсат маҳсуб ёфта, онҳо мувофиқ ба фармоиши директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон аз моҳи март оғоз гардиданд.

   Барои иҷрои супоришҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, корҳои васлу насб ва таъмири таҷҳизоту воситаҳои муосири метеорологӣ, интишори эъломияҳои АТИС мавҷпахшкунаки Rohde&Schwarz – 200, ШИП-2 антеннаи радиолокатори “Корень- АС”, таҷҳизоти КСА “МАСТЕР” дар мавзеҳои вобасташудаи ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Мурғоб, ВМКБ, Ҷиргатол, Панҷакент ва Исфара роҳандозӣ гардида, инчунин минтақаи РҶО “Уротеппа”-и филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд буда, ба шабакаи NGN-телефонии дохиликорхонавӣ пайваст шуд ва тақвияти кори бетанаффуси низоми МЛАТ дар мавзеи Чормағзак (Зардала), таъмири трансформатор 100 kVa/ 10kV дар шаҳри Кӯлоб, таъмири таҷҳизоти низоми МЛАТ дар мавзеи “Фахробод”-у дар мавзеи “Баландӣ” -и ноҳияи Хуросон, ҳамзамон таъмири аз ҳолатҳои радду барқ осебдидаи радиостансияи оварандаи РҶО “Октябрский” бо заҳмати ҳайати кормандону мутахассисони раёсат пурра бартараф карда шуданд.  

Оид ба фаъолияти низоми пурсамари густариши ҳамкориҳои судманд бо мутахассисони дохиливу хориҷӣ чӣ гуна корҳо анҷом дода шуд?

     Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизи мо бо шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар раванди шукуфоӣ ва пешрафту тараққӣ қарор дорад. Дар чунин як гузариши муҳими давлатдорӣ, ман фикр мекунам, ки  таъмини фазои озоди кишвар ба масъулияти хуби ҳар як корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, бахусус Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ низ алоқаманд аст. Мо тавонистем дар ин муддат  чунин корҳоро  анҷом диҳем:

- гузаронидани вохӯрӣ бо мутахассисони техникии ширкати алоқаи мобилии “ТСЕЛЛ” оид ба густариши ҳамкориҳо;

-Васлу насби  4 (чор) адад самтнамои автоматӣ АРП “DF-2000” истеҳсоли ширкати “Азимут”-и Федератсияи Россия  дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба итмом расонида, санҷишҳои заминӣ ва ҳавоӣ гузаронида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд;

- гузаронидани машварати корӣ оид ба фаъолияти низоми КСА “МАСТЕР” бо намояндагони тавлидгарон, директори генералии ҶСП “ПЕЛЕНГ” – Янушевич Н.В, сармуҳандис – Алферьев Александр;

вохӯрӣ бо ҳайъати расмии тавлидгарони таҷҳизоти радиолокатсионӣ ( 4 нафар) ба сардории гурӯҳи корӣ-муовини директори генералии ширкати “Алмаз” – ПономаренкоА.И;

- ба ширкати тавлидгари низоми автоматикунонии КСА “МАСТЕР” – ҶСП “ПЕЛЕНГ” санади корношоямии сервери ҷамъоварии маълумоти радиолокатсионӣ БОИ (SDS) дар объекти МТРТП фиристода шуд;       

- дар ШТРТП ва АБА-и филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд стансияи метеорологии аэродромӣ “AviMet” ба истифода  супорида шуд;

 - дар ҳамбастагӣ бо ҷузъҳои аэронавигатсионии давлати Покистон алоқаи “яктарафаи” байни марказҳои ташкили ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Исломобод ба эътидол оварда шуд;

- дар асоси шартнома бо ширкати Қазоқистонии “SKYMAX TECHNOLOGIES ” дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар таҷҳизоти метеорологии аэродромӣ аз санҷиш ва сертификатсия барои соли 2024 гузаронида шуд;  

- стансияҳои метеорологии ”Campbell Scientific ” дар фурудгоҳҳои хатсайрҳои маҳаллӣ-Мурғоб, Хоруғ, Ванҷ, Данғара, Лахш, Панҷакент ва Исфара ба истифода супорида шуданд;

- Озмоиши ҳавоии воситаҳои радионавигатсионии корхонаамон: 7 дона радиоминои масофасанҷи ДМЕ, 4 дона радиостансияҳои оварандаи даҳлезӣ АРМ 150МА ва 4 дона самтнамоӣ (радиопеленгатор) DF 2000 бо истифодаи озмоишгари тахассусии В300 ба роҳ монда шуд;

Илова бар ин корҳои дигари марбут ба Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ низ дар идомаи сол анҷом дода шуданд, ки дар иҷрои онҳо ҳар як корманд ва мутахассисони раёсат фаъолияти хуби касбиро ба роҳ монданд.

       Тавре аз суҳбат бо сардори раёсти мазкур Ашраф Зайдуллоев бар меояд, саҳми  Раёсат имрӯзҳо дар таъмини бомароми радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” нақши зарурӣ дошта таъмини бехатарии парвозҳо ба фаъолияти пурсамари  онҳо ҳамбастагии зич дорад. 

         Умед аст, ки минбаъд низ кормандони ин сохтор таҷрибаи ғании касбии худро баҳри пешрафти соҳа идома медиҳанд.

 Ташаккур барои суҳбат!

      
                                                                          Сармутахассиси маркази матбуот     Боязитов Ф. А
24 янв
Вернуться назад