DataLife Engine / Сифат – гарави эътироф!

Сифат – гарави эътироф!

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» шаҳодатномаи мутобиқати Низоми менеҷменти сифати корхонаро ба талаботҳои стандарти чаҳонии ISO 9001:2015 ба даст овард.

Аз санаи 17 то 18 марти соли 2022 аудити ресертификатсионии Низоми менеҷменти сифати КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оиди мутобиқат ба талаботҳои стандарти чаҳонии ISO 9001:2015 баргузор гардид.

Аудит аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) гузаронида шуд, ки мутобиқати Низоми менеҷмент ва сифати Корхонаро ба талаботҳои стандарти чаҳонии ISO 9001:2015 дар самти хизматрасонии аэронавигатсионӣ, азҷумла: хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ; таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва инчунин таъминоти метеорологии аэронавигатсия, тасдиқ кард.

Аудит исбот намуд, ки дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Низоми менеҷменти сифат бо муваффақият амалӣ шуда, дар шароити корӣ мунтаззам нигоҳ дошта мешавад, ки ба меъерҳои муқараргардида ҷавобгӯ мебошад.

Агенти қарор қабул кард, ки Низоми менеҷменти сифат дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҷавобгӯ ба талаботҳои стандарти чаҳонии ISO 9001:2015 дониста шавад.
 
15 апр
Вернуться назад