21-уми феврали соли 2025 ҷорабини тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарият ва кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид.
Муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ҳозиринро аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода табрик намуд.
Зикр гардид, ки бо талоши фарзанди ҷонфидои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба як мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ мубаддал гардида, кӯшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баландбардории маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шудааст.
Мудири бойгонии Раёсати кадрҳо ва меҳнати корхона Сарвиноз Зикаева ва техник-метереологи Маркази авиатсионии метереологии корхона Озода Холиқова ба сухан баромада оид ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд. Изҳор гардид, ки Артиши миллии марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуда, ба нерӯи мунтаззами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфт.
“Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи кишвар амалан сурат ва моҳияти ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашта, имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд. Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд”, – изҳор дошт дар суханронии табрикотии худ сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Кароматулло Саидов.
Дар идомаи чорабинии ботантана роҳбари парвозҳои Маркази танзими аэродромии Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Адилов Нодир дар ҳузури роҳбарияти корхона ва кормандон ба нафақа гусел гардид.
Адилов Нодир зиёда аз чил сол дар соҳаи аэронавигатсияи тоҷик кору фаъолият намуда, дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони ҷавону соҳибихтисос ва тарбия онҳо нақши калидӣ дорад. Дар давоми фаъолияти кории худ бо нишони сарисинагии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардидааст. Дар баромади худ кормандон оиди саҳми Адилов Нодир дар пешбурди химатрасонии аэронавигатсионӣ фикру ақидаҳои худро изҳор намуданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”