Ҳамкорони гиромӣ, дӯстони иззатманд!
Иҷозат фармоед Шумо ва дар шахси Шумо тамоми ёру ақрабоятонро аз сидқи дилу самимият ва ихлосмандии тамом ба ифтихори рӯзи армоншикании беш аз ҳазорсолаи миллати шарафманди тоҷик – Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, бароятон дар ҷаҳду ҷадалҳои корзори ободиву шукуфоии меҳани азиз комёбиву барор ва дар талоши муваффақиятҳои тозаву воло кушоишу баракати беназир таманно намоям!
Равшану возеҳ аст, ки истиқлолу нумӯ ва сулҳу суботи мустаҳками мардуми кишварамон дар ин фосилаи сипаришуда куллан ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кору пайкору иқдомоти бесобиқаи шахсии ин абармард ва ҳампешагону пайравонаш марбут буда, татбиқи орзуву омоли садсолаҳо нуҳуфтаро побарҷой ва ҳамоно пайвастагии идомати волотару болотареро дар назар дорад. Далели барҷастаи ин ҳидояту раҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар татбиқи амалии аҳдофи стратегии матраҳгардида ва гузариш ба марҳилаи саноатикунонии кишвар дар дурнамои наздиктарин аст, ки халқи созандаву соҳибзавқу шарифамонро нерӯву илҳоми тоза бахшида, бо як умедвории наҷиб аз расидан ба ин марҳила сафарбар намуд, зеро бо чашми сар худ гувоҳи ин музаффариятҳои дастёфта асту имони комил бар татбиқи қарибулвуқӯи ин иқдоми тозаи Сарвари муаззамаш ва дастандаркоронашро дорад.
Бошад, ки Истиқлоли деринтизори мо пойдору устувор ва паёмадҳои гуворояш бароятон боиси комгориву болидагии саршор, саъодатмандиву баракат ва нумӯи ҷаҳду ҷадал гардида, дар муҳити хонаводагӣ муҳаббату самимият, оромишу садоқат ва бозтоби тобноки тозаи некбахтиро арзонӣ дорад!
Иди зебову бошукӯҳу муътабар муборак!
Бо ихлоси тамом ва таманниёти бардавом,
Директори генералӣ Л.Бегиҷонзода