15 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи КВД "Тоҷикаэронавигатсия" вохӯрии навбатии ҳайати кормандони корхона бо сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон баргузор гардид.
Намояндаи Агентӣ дар маърӯзаи худ таҳти унвони “Ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” оиди кирдорҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод карда, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва ҳамаи моддаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманди Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тафсил шарҳ дод.
Вохӯрии мазкур дар доираи силсилаи вохӯриҳо дар чаҳорчӯбаи омӯзиши иловагии қонунгузории зиддикоррупсионӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа, ки аз Наќшаи чорабинињои таҳиянамудаи корхона роҷеъ ба амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бармеояд, ташкил шуда, тибқи мувофиқаи роҳбарони корхона ва Агентӣ ҳамамоҳа гузаронида мешавад.