DataLife Engine / НАМОЯНДАГОНИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

НАМОЯНДАГОНИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

15 апрели соли 2025 намояндагони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии директори Агентии давлатии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қирғизистон Донияр Бостонов ва директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” Омуров Торокелди ва мутахассисони корхонаи аэронавигатсионии кишвари мазкур ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ташриф оварданд.

Зимни мулоқоти дуҷониба, ки бо ширкати муовини директори  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода, мутахассисон ва кормандони корхона бо ҳайати меҳмонон баргузор гардид, ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

   

Дар доираи мулоқот “Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии парвозҳо миёни Марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбеи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Оши КД “Қирғизаэронавигатсия” аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ва директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” Омуров Торокелди Камчибекович ба имзо расид.

 

Таъкид ба ёдоварист, ки Созишномаи марзи давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек ба имзо расида, дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии созанда дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии ду кишвар, аз ҷумла аэронавигатсия заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии парвозҳо миёни Марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Ош дар беҳтар намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Қирғизистон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, вусъат додани ҳамкориҳо миёни ҳарду корхонаҳои аэронавигатсионӣ, афзоиши парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардидааст.

Чун анаъна меҳмонон аз манораи муназзимӣ, утоқҳои кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” шинос гардида, мутахассисони ду ҷониб оид ба беҳтар намудани сифати таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ мубодилаи афкор намуданд.

                                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

15 апр
Вернуться назад