DataLife Engine / НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Ҷамъбасти фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар семоҳаи аввали соли 2025 бо иштироки муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода, роҳбарият ва кормандони корхона баргузор гардид.

Дар доираи иқдомҳои роҳбарияти корхона баҳри васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва мутобиқ намудани сатҳу сафати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) татбиқи “Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқ намудани Навигатсия дар асоси хусусиятҳо (PBN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомуваффақият анҷом ёфт. Корҳои ба сомон расонидашуд, дар Ҷаласаи шашуми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ оид ба “Лоиҳаи рушди иқтидор оид ба татбиқи самтҳои навигатсионӣ дар Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода, роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сейҷу, мутахассисони JICA, ва дигар масъулон баррасӣ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 6-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и миёни намояндагони воломақоми соҳаи Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат ва ҳукумат ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Тавре дар ҳамоиши ҳисоботӣ иттилоъ дода шуд, дар натиҷаи барқарор гардидани иҷроиши парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва филилаҳои корхона дар Фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба 14 868 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонид. Сабаби асосии афзоиши парвозҳо ин амалӣ гардидани парвозҳои транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиву ватанӣ арзёбӣ гардид. Дар ин фосила теъдоди парвозҳои транзитӣ 9578 ададро ташкил дод.

Тибқи нақша чорабиниҳои корхона мутахассисон дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои мунтазам оид ба барқарор намудани воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва дигар воситаҳои техникиро роҳандозӣ намуда, дар ин давра дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯии Маркази метеорологии авиатсионӣ тибқи низоми “TAF” 90%-ро ташкил дод.

Дар фарҷом фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар семоҳаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки минбаъд низ баҳри таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо, такмили донишу малакаи мутахассисон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

  

17 апр
Вернуться назад