Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик оину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки аксари онҳо дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо мушкилиҳои зиёдеро ба миён оварда, боиси қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид. Бояд тазаккур намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар натиҷаи дархосту пешниҳоди худи мардум қонуни мазкурро дар соли 2007 таҳия ва тасвиб гардид. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” самараи истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, мақсади Қонуни мазкур барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми тоҷик, мусоидат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи зиёдаравиҳо, хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, қабул гардидааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур яке аз иқдоми муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилиҳои ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” на танҳо мушкилии молиявии мардумро осон намуд, балки барои дигар шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ менамоянд, намунаи хуби ибрат гардид.
Бо пуштибони аз сиёсати ҳукумату давлати кишвар, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақша чорабиниҳоро таҳия намуда, дар доираи он вохӯриҳои гуногун баргузор менамояд, ки дар баланд бардоштани огоҳии кормандони корхона мусоидат менамояд.
Тибқи таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонун нишон медиҳад, ки қонуни мазкур дар беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишвар мусоидат намуда, яке аз иқдомҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар равона шудааст.