10.10.2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода А.А. ҷаласа оид ба чамъбасти фаъолияти хочагиву истеҳсолии корхона дар нуҳмоҳаи соли равон барпо гардид.
Дар баромади муфассали директори генералӣ Бегиҷонзода Л.Б. комёбиҳои коллектив дар давраи гузашта ва омилҳои нави хавасмандгардонӣ, ки ба беҳбуди сифати меҳнат ва истироҳати коргарон нигаронида шудаанд, арза гардиданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар фосилаи ҳисоботӣ ба зиёда аз 49 ҳазору 350 ҳавопаймои ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар хизматрасонии аэронавигатсионӣ пешкаш гардида, ифтитоҳи долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767, таҷдиду навсозии як қатор таҷҳизоти фаннӣ ва таъмини барномавии муосири таҷҳизотҳои корхона ва ғайра амалӣ гардид.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки вазъи кунунии фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аз манфиатоварии босуботи корхона, устувории он ва саривақт пардохт намудани андозҳо ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ ва музди маоши кормандон шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, барои рушди воҳидҳои сохтории корхона фонди молиявии ҷамъшаванда таъсис дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ вобаста ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тамоюли беҳтар ва рушд дорад.
Набизода А.А. дар баромади хеш махсус таъкид намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» барои дастовардҳои баланд изҳори сипос намуда, на танҳо ба натиҷаҳои нуҳмоҳа, балки ба тамоми фаъолияти коллектив барои рушди на танҳо иқтидори истеҳсолию иқтисодии корхона, балки тамоми авиатсияи ватанӣ, баҳои баланд дод. У махсус қайд кард, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамеша сохтори устувортарин ва ба таври органикӣ инкишофёбандаи авиатсияи граждании кишвар буда, такягоҳи боэътимоди роҳбарияти Агентии авиатситяи граждании кишвар дар пешбурди барномаҳои марбут мебошад ва итминони комил аст, ки аз ин пас низ чунин хоҳад буд.
Набизода А.А. инчунин қайд намуд, ки корхона «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»-ро мунтазам амалӣ намуда, технологияҳои наву муосирро бомуваффақият ҷорӣ намуда, ба омода намудани кадрҳои ҷавон ва бозомӯзии мутахассисони собиқадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, пайваста ҳам кормандони корхона ва ҳам табакаҳои ниёзманди ҷомеаро дастгирӣ менамояд, ки самараи наҷиби худро медиҳад.
Намояндаи Агентӣ изҳори умедворӣ кард, ки мақом ва дастовардҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» минбаъд низ дар сатҳи баланд қарор дошта, барои дигар сохторҳои авиатсионии кишвар намунаву роҳнамо хоҳад буд.