DataLife Engine / Рӯзи модар фархунда бод!

Рӯзи модар фархунда бод!

Ибтидо ва асоси ҳар кори бузург аз бузургии модар аст!

Ҳаммаъно ба чунин гуфта, дар толори маҷлисии КВД“Тоҷикаэронавигатсия” ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар доир гардид.

Дар он ҳайати роҳбарикунанда занону бонувон, собиқадорони корхонаро ба муносибати Рӯзи модар, ки ҳамасола санаи 8-ми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, табрик намуданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Роҳбарони сохторҳо, бо маърӯзаҳои ҷашнӣ баромад намуда, аз таърихи пайдоиши иди занону бонувон, мақоми зан дар ҷомеа, нақши занон дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа баромад намуданд.

Баён шуд, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, № 98 номгузории «Рӯзи байналхалқии занон» — ро ба Рӯзи модар иваз намуд.

То соли 1995 дар қатори дигар давлатҳои собиқ Шӯравӣ 8-ми март дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Байналмилалии занон ҷанш гирифта мешуд.

Пешвои муаззами миллат 8-ми мартро махсус Рӯзи модар  ном ниҳодаанд, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хоса  ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит гардад.

Ба ҳайати коллектив занон ва собиқадорони даъватшуда гулдастаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

   

Дар филиалҳои шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд ҳамингуна чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи модар низ баргузор гардид.

 

Занону бонувони филиалҳоро аз номи Директори генералӣ роҳбарони филиал табрик намуда, таманниёти нек намуданд.

Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

10 мар
Вернуться назад