Корманди аз оташ осебдидаи манораи назоратии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро тибқи қоида ба берун интиқол доданд. Ин яке аз вазифаҳо дар доираи машқи амалӣ буд. Мувофиқи нақша чорабинии Бахши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқуллодаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” машғулияти навбатии амалӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бо иштироки кормандони корхона баргузор гардид. Машқи амалӣ бо ҷалби намояндагони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи наҷотдиҳи аз сӯхтор (ДНС), Хадамоти ҷустуҷӯии садамавӣ, наҷотдиҳӣ, таъминоти парвозҳо (ХҶСНТП)-и Фурудгоҳи байналмилали шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Сараввал масъулин доир ба қоидаҳои оташхомушкунӣ, истифодаи таҷҳизот ва расонидани кумаки аввалия суханронӣ намуданд. Мувофиқи нақша бо истифода аз воситаҳои нақлиёту таҷҳизотҳои оташхомушкунӣ сӯхтори шартӣ дар масоҳати аввалааш бе паҳншавӣ хомӯш карда шуд.
Кормандон дар раванди машғулияти амалӣ сарҷамъона ва бо ҳисси масъулиятшиносӣ иштирок намуда, усули истифодаи таҷҳизотҳоро омухта, сӯхторро хомуш намуданд. Бояд қайд намуд, ки ҳадафи ташкилу ба роҳ мондани машқҳои амалӣ, пеш аз ҳама сайқал додани маҳорати оташнишонӣ ва омодагии кормандон дар пешгирӣ ва хомуш намудани сӯхтор ва ҳамагуна ҳодисаҳои сӯхтор мебошад. Илова бар ин, дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тамоми чораҳои зидди сӯхтор андешида шуда, бинои он бо таҷҳизотҳои оташхомушкунӣ таъмин ва маълумотҳои зарурӣ овезон карда шудаанд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ низ аз ҷониби масъулон ва кормандон ба роҳ монда шуда тафтишу санҷиши ҳолати истифодаи биноҳо, иншоот, дастгоҳҳо, техника, механизмҳо, дигар таҷҳизотҳо, воситаҳои нақлиёт ва асбобҳо тибқи нақша амали карда мешавад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”