Хонишҳои идоравии навбатии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар санаи 27 июл дар мавзӯъи “Об сарчашмаи рушди устувор” ва “Барномаи стратегии давлат дар самти пешгирӣ аз коррупсия” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини директори генералӣ Раҳимҷон Саидзода, сардорони шӯъбаҳо ва сохторҳои таркибии корхона иштирок намуданд.
Ҳаёт Болтаев, муҳандис-барқчии шуъбаи таъминоти барқ дар мавзӯъи “Об сарчашмаи рушди устувор” баромад намуда ёдовар шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Тавре, ки “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 - 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 ва ниҳоят 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълони 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф намудааст. Вобаста ба ин таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Имрӯз ҳамагуна чораҷӯӣ ва ҷустуҷўи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба об, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Шараф Изатуллоев сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ дар суханронии худ доир ба зарурати “Барномаи стратегии давлат дар самти пешгирӣ аз коррупсия” таъкид намуд, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти рӯзмарра дар корхона дар асоси меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ роҳандози шуда, кормандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифаҳои худро содиқона дар сатҳи касбӣ иҷро намоянд.
Дар охир ёдовар шуданд, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхона телефони боварии доимоамалкунанда фаъол буда барои пешгирии ҳолатҳои фасод ё коррупсионӣ чораҳои зарурӣ роҳандози шудааст.
Дар фарҷом, миёни маърӯзачиён ва коллективи корӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.